Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаев Юрий Александрович

Николаев Юрий Александрович

Николоев Юрий Александрович (14. 12. 1923, Самарқанд — 07. 01. 1977, Владимир), муаррихи советй, док- тори илмхои таь- рих (1972), проф. (1974). Аъзои КПСС аз соли 1951. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Солҳои 1941—1942 курсантн Омӯзишгоҳи ҳар­бии инженерии Москва. Иштирокчии мудофиаи Москва. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба Фронти Волхов фиристода шуд. Солҳои 1943—44 дар Институти обу ҳавосанчии Харков, 1944—1948 дар Институти таъриху архиви Москва таҳсил мекунад.

Солҳои 1948—1949 сардори Архиви марказии давлатии Тоҷикистон, 1949—1950 лаборанти калони кафед­раи марксизми-ленинизми УДТ, 1949 —1952 аспирант Институти давлатии пе­дагогии Душанбе, 1952—1958 муаллими калон, дотсента кафедраи таърихи СССР-и Институти мазкур, 1958—1960 дотсенти кафедраи марксизмим-ленинизми УДТ, 1960—1963 мудири сектори таърихи ҷамъияти советии Институти таърих ва этнографияи АФ РСС Тоҷикистон, 1963—1969 дотсенти кафедраи таърихи КПСС-и УДТ. Солҳои 1973—1977 про­фессор, мудири кафедраи таърихи КПСС ва коммунизми илмии Институти политехникии шаҳри Владимир. Николаев муаллифи як қатор асарҳои илмӣ, аз ҷумла яке аз муаллифони «Дар муҳорибаҳо барои Тоҷикистони Со­ветӣ» (1956), «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони Советӣ, солҳои 1917 — 1957» (1957), «Барои Ҳокимияти Со­ветҳо» (1958), «Таърихи халқи то­ҷик» (ҷ. 3, кит., 1, М., 1965), «Очеркҳои таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон» (1968) ва ғайра мебошад. Бо ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи

2), медалу Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотони­да шудааст.

Ас.: Формирование ярост индустри­альных кадров в Таджикистане (1928— 1940), Д., 197-4.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …