Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нигористони Третяков

Нигористони Третяков

Нигористони Третяков, му­зеи калонтарини санъати русу советӣ дар Москва. Унвони Нигористони Третяков аз но­ми асосгузораш П. М. Третяков гирифта шудааст. Третяков бо мақсади ташкил намудани музеи санъати миллии дастраси умум аз с.оли 1856 ба ҷамъ овардани мусаввараҳо шурӯъ менамояд. Ӯ бештар асарҳои рассомони равияи демократиро ҷамъ мекард. Ин асарҳо ба инкишофи минбаъдаи санъати реалистӣ таъсири бузург расонида, роли ҷамъиятию тарбиявии нигористонро дар Россия муайян карданд. Соли 1892 Третяков мусаввараҳои ҷамъовардаашро ба Москва тӯҳфа кард. (То соли 1918 музей — Нигористони бадеии шаҳрии Нигористон ва С. Третяковҳо ном дошт). Соли 1918 мувофиқи декрети СКХ бо имзои Ленин музей миллӣ кунонда шуд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ шумораи мусаввараҳои Нигористони Третяков якчанд маротиба афзӯд (соли 1917 тақрибан 4000 адад буд).

Экспозитсияи нигористон бештар аз ҳисоби мусаввараҳои Му­зеи уқнумро (иконопись), нигорис- тонн Светков, музеи Румянтсеев, инчунин коллексияҳои милликунонидашуда (нодиртарин асарҳои рассомии руси қадими асрҳои 11—17) пурра гашт. Асоси коллексияи музейро асарҳои рассомони машҳури асри 18 — ибтидои асри 20 ва давраи советӣ (Ф. С. Рокотов, Д. Г. Левитский, К. П. Брюл­лов, П. А. Федотов, А. А. Иванов, И. Н. Крамской, В. М. Васнесов, К. Саврасов, И. И. Шишкин, И. Е. Репин, В. И. Суриков, И. И. Леви­тан, М. А. Врубел, Б. М. Кустодиев,

А. Серов, Н.  К. Рёрих, Е. В. Вуче­тич, И. Э. Грабар, Кукриниксҳо, В. В. Верешагин, А. А. Дейнека, М. С. Сарян, С.. Т. Конёнков ва дигарон) ташкил медиҳанд. Дар Нигорситони Третяков бисёр асарҳои санъати тасвирӣ оид ба ҳаёти мардуми Осиёи Миёна («Дарвозаи Темур»-и В. Верешагин, силсилаи «Кӯҳистони Бухоро»-и П. В. Кузнетсов, «Ба бозор», «Ароба»-и

В. А. Фаворский ва ғайра) гирд оварда шудаанд. Нигористони Третяков калонтарин муассисаи илмӣ бадеии санъати тасвирию ҳайкалтарошии СССР буда, барои ташвиқу тарғиби санъати рус ва со­ветӣ бисёр экскурсияҳо, лексияҳо, виставкаҳо ва виставкаҳои сайёр ташкил мекунад. Соли 1975 нигорис­тонро 1623000 кас (соли 1881 тақрибан 8000) тамошо кардапд. Нигористони Третяков бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1956) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …