Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Неъматуллоҳи Валӣ

Неъматуллоҳи Валӣ

Яке аз силсилаҳои маъруфи тасаввуф. Асосгузораш сӯфӣ ва шоири машҳури асри 14 Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки шаҷарааш ба имоми панҷӯми шиа Му­ҳаммад Боҷир мерасад. Дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳо­ни Кирмон гузаронида, дар ҳамон ҷо мадфун аст. Дар дарбори темуриён, махсусан Шоҳрух эътабори зиёде дошт. Аҳмадшоҳ низ ӯро ба дарбори худ даъват карда буд.

Ба Шоҳ Неъматуллои Валӣ рисолаҳои бисёри тасаввуфиро нисбат медиҳанд, вале асари асосии ӯ «Девони ашъор» аст, ки дар байни аҳли    мутасаввифа маълуму машҳур аст. Мазмуни ашъори сӯфиёнаи ӯро бештар масъалаҳои ваҳдати вуҷуд, марҳилаҳои тараққиёти солик ва ғайра дар бар мегиранд. Ғазалҳои ӯ аксар мазмуни ирфонӣ доранд. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Силсилат-ул- орифин»  Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалсарой пайрави Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ будааст. Ҳамчунин дар баъзе маъхазҳо омадааст, ки шатҳиёт дар ашъори сӯфиён, аз қабили Ҷалолуддин Румӣ ва девони Шоҳ Неъматулло Валӣ  хеле ривоҷ ёфтааст.

Дар асри 14 баъд аз ба ҳавзаи илмҳои расмӣ даромадани тасоввуф на низоҳои фирқаҳои мухталифи шиа­ву суннӣ осори манзуму мансури сӯфиёна, ки рӯҳи сулҳталабӣ дошт, аҳамияти махсус пайдо кард ва тарғиби осори сӯфиёни намоёни ин давра васеъ ривоҷ ёфт. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна баъд аз ғалабаи мазҳаби шиа дар Эрон, баробари нуфузи зиёд пайдо кардани осори тасаввуфӣ аз фирқаҳои он бештар силсилаи Неъматуллоҳия ҳайдария ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои табақаи миёнаи аҳолӣ, хусусан тоҷирон ва косибон дар Эрон ва Ҳиндустон интишор меёбад. Бисёр муҳаққиқони муосири тасаввуф 6а мисли Қосим Ғанӣ, Абулҳусайни Заринкӯб ва ғайра дар асоси таҳлили ташаккул ва ннкишофи тасаввуф мӯътақиданд, ки дар Эрон пас аз асри 14 силсилаи Неъматуллоҳия ва заҳабия на фақат ривоҷ ёфтааст, балки аз ин силсилаҳо бисёр фирқаҳои дигари тасаввуфӣ низ ба вуҷуд омадаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …