Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Неъмат Султонмуҳаммади Ной

Неъмат Султонмуҳаммади Ной

Неъмат Султонмуҳаммади Ной (маъруф ба Неъмати Ноӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва мусиқидони асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро, дар Деҳлӣ фавтидааст. Чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, қофия, сарфу наҳв, риёзиётро аз худ намудааст.

Неъмат Султонмуҳаммади Ной сабки хоси сарояндагию навозандагӣ ва таснифоти зиёде дошт (махсусан барои най). Барои такмили ҳунар ва шиносоӣ бо аҳли мусиқии ҳинд ба Деҳлӣ рафт. Дар Ҳиндустон мусиқии мардуми ин сарзаминро омӯхта, дар зери таъсири он оҳангу таронаҳои зиёде («Рехтаи Ноӣ», «Роки Ноӣ», «Савти Ноӣ», «Пешрави Ноӣ» ва ғайра) тасниф намуд. Неъмат Султонмуҳаммади Ной инчунин мусиқии классикии ҳинд «Сансит»-ро омӯхта, дар асоси навоҳои рӯҳбахши он асарҳо эҷод карда аст. Дар назарияи мусиқӣ асаре дорад бо номи «Тӯҳфат-ул- алҳон», ки он дар хусуси шаклу навъҳои мусиқии тоҷики ва ҳиндӣ баҳс мекунад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …