Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неҳру Ҷавоҳирлол

Неҳру Ҷавоҳирлол

Неҳру Ҷавоҳирлол (14. 11. 1889, Оллоҳобод — 27.05. 1064, Деҳлӣ), яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон. Аз оилаи адвокат. Солҳои 1905—1912 дар мактаби асилзодагон ва Университети Кембриҷи Англия таҳсил карда, бо ғояҳои миллатпарастии ҳинду шинос шуд. Соли 1912 ба партия и Конгресси миллии Ҳиндустон (КМҲ) дохил шуд. Солҳои 1920-1930, 1936-1937, 1946 ва 1951—1954 раиси КМҲ буд. Ҳаммаслак ва ҳамкори наздики М. Ганди. Ташаббускори бисёр ҳуҷҷатҳои КМҲ мебошад. Соли 1921 барои тарғиботи сиёсии зиддианлисӣ аввалин бор ҳабс шуд.

10 соли умраш дар маҳбас гузаштааст. Соли 1946 ба ҳайати Ҳукумата муваққатӣ дохил шуд, солҳои 1947—1950 сарвазир ва вазири корҳои хориҷии доминион ва аз соли 1950 ҳамин вазифаҳои ҳукумати Республикаи Ҳиндустонро ба зимма дошт. Барои барҳам задани қафомонии иқтисодии мамлакат, ки оқибати тобеияти бисёрсолаи мустамликавӣ буд, басо заҳмат кашид. Тарафдори сиёсати ҳамзистии осоишта ва ҳамроҳ нашудан ба муоҳидаҳои ҳарбӣ буд. Яке аз ташаббускороии даъвати конференсияҳои мамлакатҳои Осиё ва Африка дар Деҳлӣ (1947) ва Бандунг (1955) буд, ки он панҷ принсипи ҳамзистии осоиштаро пешниҳод кардааст. Та­рафдори мустаҳкамшавии дӯстии Ҳиндустон ва СССР буд.

Чанд маротиба ба Иттифоқи Советӣ сафар кар­дааст. Ба В. И. Ленин эътиқоди зиёде дошт ва ӯро «устоди афкор ва даҳон револютсия» меномид Муаллифи асарҳоест доир ба таърихи Ҳиндустон, эҳёи миллии он ва оид ба масъалаҳои байналхалқӣ.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …