Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назм

Назм

Назм (ар. —ба ҳам пайвастан, ба ришта кашидани ҷавоҳир), сухане, ки бар хилофи наср бо вазну кофия гуфта шудааст. Адабиёт ба маънии аслӣ аз ибтидо чун Назм (каломи манзум) ба вуҷуд омадааст. Аксари навъҳои адабии адабиёти қадиму асримиёнагии тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ адабиёти давраҳои ати­қа, асрҳои миёна, Эҳё ва класситсизми Европа бо Назм навишта шуда­анд. Дар адабиёти халқҳои гуногун лирика маъмултарин ҷинси адабӣ буд. Маҳз дар лирика имкониятҳои калони маънавии Назм зоҳир меша­вад Бинобар он назми замони нав, пеш аа ҳама, Назми лирикист.

Дар лирикаи муосир Назм ду вазифаро анҷом медиҳад: мувофиқи вазифаи аслиаш таҷрибаи ҳаётии муаллифро дар санъат дар бар мегирад, яъне ҳодисаи ҳаётиро ба ҳодисаи адабӣ табдил медиҳад; дар айни замон таассуроти шахсӣ ва овози хосу но- такрори шоир маҳз дар Назм барҷасга инъикос мешавад. Назм ду рукни асоси дорад: вазн ва қофия. Низому тартиби Назм ба вазну қофия вобаста аст. Аммо ҳар як каломи мавзун шеър шуда наметавонад. Бинобар он, аз замонҳои қадим дар байни шеър ва Назм фарқ гузоштаанд. Масалан, Арасту гуфтааст.: «Фақат шахсоне, ки мафҳуми «эҷод»-ро бо вазн як медонанд, аз рӯи моҳияти муҳоки- ма не, балки умуман аз рӯи вазн баъзеҳоро марсиясаро, дигарҳоро достонсаро номида, шоирашон мехонанд.

Агар шахсе оид ба тиб ё фи­зика рисолаи мавзуне тартиб диҳад, ӯ ҳамчун шоир ёд мешавад. Ҳол он ки байни Гомер ва Эмпедокл, ба ҷуз вазн, дигар ягон умумияте нест. Аввалиро ҳаққонӣ шоир бояд хонд. Аммо дуюмӣ шоир не, балки фисиолог аст» (Аристотел, Поэтика, М., 1957, соли 1941). Дар асрҳои миёна як қатор асарҳои илмии фалсафӣ, мазҳабӣ, тибоӣ ва таърихии тоҷикӣ низ бо Назм навишта шудаанд (аз ҷумла, асари таърихии «Зафарнома»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар асри 14).

Дар рӯзгори мо тамоми асарҳои бадеин манзумро Назм мегӯянд. Ба ин маъни Назм осори манзуми гузашта, муосир ва назми халқиро дар бар мегирад. Назм аз ҷиҳати моҳияти инъикос ва шакли ифода кам омӯхта шудааст. Ҳангоми омӯзиши ин ҷиҳатҳои осо­ри манзум муҳаққиқон бештар ба истилоҳи шеър муроҷиат кардаанд. Дар адабиётшиносии гузаштаи то­ҷик тадқиқи Назм аз ҷиҳати вазн, ко­фия ва хусусиятҳои бадеӣ хеле инкишоф ёфта буд. Дар заминаи ҳамин тадқиқот илми назмшиносӣ ба вуҷуд омад, ки нозукиҳои ифода ва тарзи баёни Назмро муфассал тадқиқ кардааст. Азбаски воҳиди асосии Назмии гузашта байт буд, тадқиқи таркибҳои лафзӣ, воҳидҳои маънавию шаклӣ дар ҳудуди байти шеър муқаррар гаштааст. Намунаи барҷастаи тадқиқоти классикии Назм китоби «Ал-муъҷам фӣ маоири ашъор- ил- Аҷам»-и Шамси Қайсӣ Розӣ мебо­шад.

Ад.:   Аристотел,Поэтика,    М., 1957; Словар литературоведческих тер­минов, М., 1974;

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …