Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «Народная воля»

«Народная воля»

«Народная воля» («Озодии халқ»), ташкилоти револютсионию халқчигии ибтидои  солҳои 80 асри 19 дар Россия. «Народная  воля» августи 1879 баъди ба «Народная воля» ва «Чёрный передел» ҷудо шудани «Земля и воля» («Замин ва озодӣ») таъсис гардид. Муассисони «Народная воля» револютсионерони касбӣ буданд. Ба «Народная воля» Комитети иҷроия роҳбарӣ мекард, ки ба он А. И. Желябов, А. Д. Михайлов, М. Ф.

Фроленко, Н. А. Морозов ва дигарҳо дохил буданд. Солҳои  1879—83 гурӯҳҳои «Народная воля» қариб дар 50 шаҳр (махсусан дар Украина ва Поволжия) мавҷуд буданд. Программаи «Народная воля» даъват намудани Маҷлиси муассисон, ҷорӣ намудани хуқуқи интихоботи умумӣ ва намояндагии доимии халқ, озодии сухан, виҷдон, матбуот, ҷамъомад ва ғайраро дар бар мегирифт. Аъзоёни «Народная воля» зарурати муборизаи сиёсиро зидди мутлақият эътироф карда, нисбат ба халқчиёни солҳои 70 қадаме ба пеш гузоштанд. Вале онҳо сотсиалистони хаёлӣ буданд, зеро ба воситаи револютсия деҳқонӣ ба сотсиализм гузаштани Россияро тарафдорӣ мекарданд. «Народная воля» дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ агитатсия ва пропагандаи револютсионӣ мебурд.

Гурўҳҳои халқчиён—«Народная воля» ва «Рабочая газета» мекӯшиданд, ки ғояи муборизаи сиёсиро бар зидди мутлақият оммавӣ гардонанд. Дар тайёрӣ ва гузаронидани шӯриш тарафдорони «Народная воля» роли асосиро ба ақалияти револютсионӣ, яъне ба ташкилоти худ нисбат медоданд. Мувофиқи ақидаи онҳо оммаи халқ дар шӯриш бояд роли ёридиҳанда мебозид. Аъзоёни «Народная воля» муборизаро ҳамчун суиқасд таъбир мекарданд. Бо афзоиш ва шиддат гирифтани муборизаи сиёсӣ аз ҳама бештар суиқасд аҳамияти калон пайдо мекард. Аъзоёни «Народная воля» ба Александри II 7 маротиба суиқасд карда, ниҳоят 1 марти 1881 ӯро куштанд.. Иштирокчиёни суиқасд ба қатл расиданд. Кушишҳои Г. А. Лопатин, П. Ф. Якубович. В. Г. Богораз ва дигар барои эҳёи «Народная воля» натиҷае надод ва фаъолияти «Народная воля» қат гардид.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …