Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нармадшанкар Лалшавкар Даве

Нармадшанкар Лалшавкар Даве

Н а р м а д, Лалшавкар Даве (24. 8. 1833, Сурат— 26. 2. 1886, Бамбай), нависанда, ходими ҷамъиятӣ, маорифпарвари ҳинду. Ба забони гуҷаротӣ эҷод кардааст. Ҳамроҳи нависандаи Ҳиндустон Далпатрам (1820—98) ба адабиёти ҳозиразамони гуҷаротӣ асос гузоштааст. Нармадшанкар тарафдори ислодоти иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии занон буда, ҳиндуҳо ва мусулмононро ба ягонагӣ даъват мекард. Эҷодиёти Нармадшанкар саршор аз оҳангҳои ватандӯстӣ, ғояҳои озодихоҳии миллист. Достоин ӯ «Ғолиб бош, Гуҷароти диловар!» суруди миллии Гуҷарот гардидааст.

Дар лирикаи Нармадшанкар образҳои анъанавии  адабиёти асри миёнагӣ дида намешаванд. Зери таъсири достонҳои «Фаслҳои сол»-и Калидаса ва «Ҳикоят дар бораи фаслҳои сол»-и Ҷ. Томсон с. 1861 Нармадшанкар достоин «Ҳикоят дар бораи фаслдои сол»-ро эҷод кард, ки дар он зебоиҳои табиати Гуҷарот васф шудааст. Мавзўъҳои замонавиро ба драматургия дохил кард. Аввалин асари насрӣ дар адабиёти ондавраи гуҷаротӣ «Бартарии ташкилот» (1851), жанрҳои нави тарҷумаи ҳол, очерк, мақолаҳои танқидӣ ба Нармадшанкар тааллук доранд. Оид ба назарияи назми ҳиндӣ асарҳо навиштааст. «Фарҳанги Нармад» (1864—70) нахустин фарҳанги забони гуҷаротӣ мебошад, ки Нармадшанкар тартиб додааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …