Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУВОЗИНАТИ МЕХАНИКА

МУВОЗИНАТИ МЕХАНИКА

balansi-mekhanikiМУВОЗИНАТИ МЕХАНИКА, Ҳолати системаи механикиеро гӯянд, ки зери таъсири қувваҳост. (Дар ин ҳолат ҳамаи нуқтаҳои система нисбат ба системаи сарҳисоби додашуда беҳаракат мебошад.) Агар системаи сарҳисоб инерциалӣ бошад, Мувозинати механикаро мутлақ, дар акси ҳол нисбӣ меноманд. Омӯзиши Мувозинати механика яке аз вазифаҳои асосии статика мебошад. Барои ба амал омадани Мувозинати механика қувваҳои ба система таъсиркунанда вряд шартҳои муайянеро қаноат кунонад, мас., барои ба Мувозинати механика мутлақ овардани ҷисми сахти озод зарур аст, ки ҳосили ҷамъи проекцияҳои ҳамаи қувваҳои берунаи ба ҷисм таъсиркунанда ба ҳар се тири координатаҳо ва ҳосили ҷамъи моментҳои қувваҳо нисбат ба ин тирҳо ба сифр баробар бошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …