Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСТАҚИМОВ Рашид Галяутдинович

МУСТАҚИМОВ Рашид Галяутдинович

personМУСТАҚИМОВ Рашид Галяутдинович (таваллуд 10. 10. 1924, pайони Шестополски Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тотористон), ветеринар-клинисист, доктори илмҳои ветеринарӣ (1969), аъзо-корреспондент ВАСХНИЛ (1970), профессор (1972J. Иштирокчии            Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Мустақимов соли 1951 Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кард. Солҳои 1951—53 ветеринар (pайони Самарқанд), 1954—57 аспиранти Ака-демияи ветеринарии Москва, 1958— 70 мудири шӯъбаи касалиҳои ғайри-сироятӣ ва санитарии Институти тадқиқоти илмии ветеринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1970 мудири кафедраи ҷарроҳӣ, акушерӣ, касалиҳои дарунӣ ва ташхиси клиникаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон мебошад. Мустақимов оид ба ҷарроҳӣ, акушерӣ ва касалиҳои ғайрисироятии ҳайвонот зиёда аз 90 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Олимони тоҷик дар таҳти роҳбарии Мустақимов оид ба этиологияи бенасли ва қисирмонии гов дар Тоҷикистон корҳои зиёд бурда, усулҳои пешгирии гастроэнтеритҳо ва гиповитаминози мурғ (бо доруи ПАБК ва антибиотикҳо) ва ғайраро омӯхтаанд, Бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 2) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Acос: Чораҳои зидди бенаслию қисирмонии чорвои калони шохдор. Душанбе. I960; Лечение болезней овец, Душанбе, 1068; Причины и меры по предупреждению и ликвидации яловости коров в колхозах и совхозах Таджикской Советской Социалистической Республики, Душанбе,            1972;

Комплексный метод лечения легочных болезней животных, Душанбе, 1974; Флюорография в ветеринарии, Москва, 1074.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …