Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОРГСКИЙ Модест Петрович

МУСОРГСКИЙ Модест Петрович

modest_musorgskiyМУСОРГСКИЙ Модест Петрович (21. 3. 1839, деҳаи Карево, ҳозира pайони Торпеси вилояти Калинин — 28. 3. 1881, Петербург),  бастакори рус. Мусиқиро дар 6-солагӣ аз модараш омӯхтааст. Соли 1849 ба Петербург рафта, дар мактаби Петропавловск, 1852—56 дар Мактаби подпрапоршикҳои гвардия таҳсил намудааст (дар айни замон) аз пианинонавоз А. А. Герке дарси мусиқӣ меомӯхт). Соли 1852 аввалии асари Мусоргский полка барои фортепиано — «Подпрапоршик» эҷод шуд. Шиносоӣ (солҳои 1856—57) бо А. С. Даргомыжский, В. В. Стасов, М. А. Балакирев дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва эҷодиёти Мусоргский роли калон бозид. Ӯ аз хизмати ҳарбӣ даст кашида (1858), дар ибтидои солҳои 60 як силсила романсу асарҳои инструменталии дилангез офарид, ки аз истеъдоди баландаш дарак медоданд. Солҳои 1863—66 операи «Саламбо»-ро (аз рӯи романи ҳамноми Г. Флобер, нотамом) навишт. Солҳои 60 Мусоргский ҳамчун эҷодкори реалист ғояҳои демократҳои револю-тсиониро тарғиб намуда, ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ рӯ меовард ва умеду орзуи халқро дар суруду романсҳояш тараннум менамуд («Калистрат*. «Алла дар васфи Ерёмсушка», «Бихусб, хобат барад, деҳқонбача», «Ятимак», «Семинарист» ва ғайра). Барои операи «Хонадоршавӣ» (аз рӯи матни бетағйири мазҳакаи Н. В. Гоголь, 1868) дар асоси забони гуфтугӯи партияҳои вокалӣ тартиб дод, ки ин дар санъати опера таҷрибаи аввалин буд. Операҳои «Борис Годунов» (аз рӯи асари А.лександр Сергеевич Пушкин, 1869, таҳрири 2-юм 1872, 1874 ба саҳна гузошта шуд) ва «Хованщина» (1872 cap кардааст, баъди вафоташ Н. А. Римский-Корсаков ба анҷом расонидааст, 1888 ба саҳна гузошта шуд) барҷастатарин драмаҳои мусиқии халқӣ буда, дар санъати мусиқии ҷаҳон ҳамто надоранд. Операи мазҳакавии «Ярмаркаи Сорочинск» (нотамом, 1874—80, аз рӯи асари Н. В.Гоголь; баъдтар Ц. А. Кюи, А. К. Лядов, В. Я. Шебалин ба анҷом расонданд) низ аз қабили асарҳои барҷастаи ӯст. Мусоргский дар айни замон, силсилаи асарҳои вокалии «Бе хуршед» (1874), «Суруду рақсҳои аҷал* (1875—77), сюита барои фортепиано «Манзараҳо аз выставка» (1874) ва ғайраро эҷод намудааст. Поёни умраш дар танҳоӣ ва мӯҳтоҷӣ гузаштааст. Асарҳои ӯ ба эҷодиёти бастакорони ватанӣ ва ҷаҳонӣ таъсири бузург расондааст. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Ярмаркаи Сорочинск»-и Мусоргскийро ба саҳна гузоштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …