Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒПАРВАРӢ

МУРҒПАРВАРӢ

murgparvariМУРҒПАРВАРӢ, паррандап а р в а р ӣ, соҳаи ҳайвонотпарварӣ, ки вазифаи он парвариши паррандаҳои хоҷагии қишлоқ (мург, мурғобӣ, ғоз, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ) мебошад. Мақсади асосии М.урғпарварӣ истеҳсоли тухму гӯшт буда, истеҳсоли пар ва тибит маҳсулоти иловагии он аст.

Тақрибан 3 ҳазор сол пеш аввалин бор дар Ҳиндустон мурғҳои хонагӣ пайдо шуда, баъд ба Эрон, Миср ва дигар мамлакатҳо паҳн гашт. Роз ва мур­ғобии хонагӣ ба халқҳои Европаю Осиё якчанд аср то милод маълум буд. Мурғи марҷон дар Америка хо­нагӣ карда шуд, ки дар Европа асри 16 паҳн гардид.

Дар Россияи тореволютсионӣ Мурғпарварӣ соҳаи ҳайвонотпарварии каммаҳсул ба шумор мерафт. Мурғпарварӣ баъди азнавсозии сотсиалистии хоҷагии кишлоқ бештар дар колхозу совхозҳоо инкишоф ёфта, стансияҳои чӯ- ҷабарорию Мурғпарварӣ аҳамияти калон пайдо карданд. Онҳо колхозу совҳозҳоро бо чӯҷа таъмин карда, барои ба роҳ мондани кори зотпарварӣ кумак расониданд. То соли 1940 дар Тоҷикистон Мурғпарварӣ асосан яккахоҷагӣ буд. Мурғони яккахоҷагӣ ғайризотӣ ва каммаҳсул буданд. Соли 1940 дар шаҳри Сталинобод якумин стансияи чӯҷабарорию Мурғпарварӣ ба кор даромад. Солҳои 1951—55 дар натиҷаи васеъшавии колхозҳо Мурғпарварии ҷамъиятӣ инкишоф ёфт. Ба республика тухми мурғи Леггорн ва мурғи са­феди русиро оварда, боз дар 8 рай­они республика стансияи чӯҷабарорию Мурғпарварӣ ташкил карда шуд. Солҳои 1956—64 Мурғпарварӣ дар республика босуръат тараққӣ кард. Баъд дар асоси стансияҳои ҷӯ- ҷабарорию Мурғпарварӣ фабрикаҳои Мурғпарварии барои истеҳсоли тухму гӯшт махсусгардонидаи Душанбе, Чиптура, Ленинобод ва совхози Мурғпарварии Конибодом ба кор даромаданд. Соли 1965 трести «Тоҷик Птисепром» ташкил шуд, ки ба ҳайати он фабрикаҳои Мурғпарварии Душанбе, Чип­тура, Ленинобод, совхози Мурғпарварии Конибодом ва стансиящои чӯҷабарорию Мур-парварии Панҷакент дохил гардиданд. Соли 1966 стансияи чӯҷабарории Қӯрғонтеппаю Мӯъминобод бо баланси мустақил ба ҳайати «Тоҷикптисепром” дохил карда шуданд. Соли 1970 фабрикаи бройлерпарварии Орҷоникидзеобод (соле 2 миллион  бройлер) ва 1972 фабрикаи Мурғпарварии райони Пролетар (соле 350 ҳазор мурғи тухмдеҳ) ба кор даромад. Аз соли 1964 то 1972 дар сектори ҷамъиятӣ саршумори мурғ ва истеҳсоли тухм хеле зиёд шуда, нисбат ба ҳаҷми умумии республика, 68,4 ва 60,1% ва аз он ҷумла дар системаи «ТоҷикПтисе­пром* 47,4 ва 38,2%-ро ташкил дод. Ҷавобан ба қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 19 ноябри 1975 «Дар бораи чораҳои зиёдтар истеҳсол кардани тухм ва гӯшти мурғ, дар асоси саноатӣ тараққӣ додани кооперасияи байнихоҷагӣ ва такмил додани шаклҳои идоракунии соҳа” шаш муассисаи Мурғпарварии байниколхозӣ оид ба истеҳсоли тухму гӯшт ташкил шуд.

Ба муассисаҳои байниколхози Уп­равлениях иттиҳодияи истеҳсолии республикавии назди «Тоҷикптисепром» (таъсисаш 1976) роҳбарӣ мекунад. Январи 1982 дар системаи «Тоҷикптисепром» 8 фабрикаи Мурғпарварии давлатӣ, 1 совхози Мурғпарварӣ, 2 стансияи чӯҷабарории Мурғпарварӣ. 6 муассисаи Мурғпарварии байнихоҷагӣ ва 1 заводи давлатии парвариши мурғи зотӣ мавҷуд буданд.

Мурғпарварии Тоҷикистон се соҳа дорад: тухм, гӯшт (бройлеру мурғобӣ) ва тухму гӯшт. Солҳои охир дар хоҷа­гиҳои Мурғпарварии республика мурғи сафеди леггорнӣ ва насли дурагаи дар натиҷаи ҷуфтӣ бо мурғи леггории Голландию мурғи зоти айланд ҳосилшудаи он аз 63 гурӯҳу 18 кросси Катманро истифода мебаранд. Ба хоҷагиҳои Мурғпарварии республика ҳар сол аз минтақаҳои гуиогуни мамлакат, ки шароити боду ҳавои онҳо аз боду ҳавои Точикистон фарқ мекунад, тухми мурғҳои зотиро оварда, насли онҳоро зиёд мекунанд. Ба респуб­лика тухми 6 мурғи зоти тухмдеҳ (масалан, Янтар 1), 4 мурғи кросси зоти гӯштдеҳ (масалан, Бройлер 0) ва 2 мурғобии кросси Медео 2 оварда мешавад.

Вазни қиёсӣ ва хаҷми умумии маҳсулоттайёркунни мурғпарварии системаи «ТоҷикПтисепром* барои солҳои 1970—80

Адабиёт: Сметяев С..И., Птисеводство, Москва, 1970; Божко П. Б., Производство яиц и мяса птицы в специализирован­ных хозяйствах, Москва, 1971; А г е е в В. Н. Кормление высокопродуктивных яйцено­ских кур, Москва,      1973; Злвчевская К. В., П е я и о я ж е к е в и ч Э. Э.. Раз­ведение и племенное дело в птицеводст­ве, Москва, 1974.   В. Мерзляков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …