Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУНОҶОТ

МУНОҶОТ

molitvaМУНОҶОТ (арабӣ—розу ниёз кардан, зорию тавалло кардан ба худо), яке аз шаклҳои жанрӣ, як унсури асари бадеӣ дар адабиёти клас­сикӣ ва пешазинқилобии тоҷик. Дар адабиёти баъзе халқҳои дигари Шарқ низ дида мешавад. Аввалин касе, ки дар адабиёти форс-тоҷик Муноҷотро ҷорӣ намуд, шоири асри 11 Абдуллоҳи Ансорӣ буд. Муноҷотҳои ӯ бо насри мутавозӣ дар санъати мусамман (ҳаштхона) навишта шудаанд. Дар давраҳои минбаъда Муноҷот дар адабиёт дар шаклҳои гуногун зуҳур намудааст. Муноҷот дар ибтидои маснавӣ, достонҳои калонҳаҷми лирикии эпи­кӣ, девонҳо ва ғайра ҷой дода шуда, пеш аз ҳамд ва наът меояд. Аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ Муноҷот соф динӣ буда, аҳамияти иҷтимоию сиёсии он хеле паст аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …