Маълумоти охирин

Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат (Қаноатов Муъминшоҳ; таваллуд 20. 05. 1932, деҳаи Курговади pайони Қалъаихум Вилояти Автономии Бадахшони Куҳи), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Азпадару модар барвақт ятим монд. Хешовандон ва мактаби советӣ тарбият кардаанд. Аз соли 1962 аъзои КПСС. УДТ-ро хатм кардааст (1956). Фаъолияти меҳнатиаш низ аз ҳамон сол cap шудааст. Солҳои 1956—1961 мудири шӯъбаи назми журнали «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»), 1961—1966 котиби масъули он буд. Ба сифати му- ҳаррири калони нашриёти «Ирфон» низ кор кардааст (1967—1968). Қоби- лияти ташкилотӣ ва истеъдоди балаиди шоирии Мӯъмин Қаноатро ба назар ги­рифта, ӯро ба Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузарониданд. Солҳои 1968—1976 муовини раиси Правленияи Иттифоқи на- висандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 1976 котиби якуми ИН Тоҷикистон. Котоби Правленияи ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (аз соли 1978). Мӯъмин Қаноат хизмати давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва кори эҷодиро бомуваффақият ба ҳам барбастааст. Эҷодиёти Мӯъмин Қаноат аз охири солҳои 50- ум оғоз ёфтааст. Аввалин шеърҳои ӯ дар газетаи райони Ғарм («Ҳаёти нав») дарҷ шудаанД. Солҳои таҳсилаш дар мактаби олӣ дар газетаю жур­налҳои республикавӣ, сипас дар матбуоти марказӣ шеъру достонҳои ӯ мунтазам интишор меёбанд. Нахустин маҷмъаи шеърҳои Мӯъмин Қаноат «Шарора» (1960) ном дорад, ки аз лири­каи гражданӣ ва ишқӣ фароҳам омада, зуҳуроти дарки реалнетонаи воқеият мебошад. Аз паи он китобҳои дигари Мӯъмин Қаноат «Ситораҳои замин», «Мавҷҳои Днепр» (1964, мукофоти комсомоли РСС Тоҷикистон, 1966), «Достони оташ» (1967), «Корвони нур» (1970), «Сарҷӯи сабз» (1975) ва дигар интишор ёфта, мавқеи Мӯъмин Қаноатро ҳамчун шоири лирик ва достонсаро дар таърихи назми сермиллати со­ветӣ мустаҳкам карданд. Мавзуъҳои асосии шеърҳо ва достонҳои Мӯъмин Қаноат васфи Ватан, меҳнати бунёдкоронаи халқ, дусти ва ҳамкории бародаронаи мардумони гуногунмиллати совети, корнамоиҳои баҳодуронаи халқи советӣ, ишқу ҷавонӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Ҷаҳонбинии васеи коммунистӣ ва маҳорати шоирӣ, диди равшани эстетики ва эҳсосоти амиҳи гражданӣ тақозо кардаанд, ки Мӯъмин Қаноат чи мавзуъҳои миллӣ ва чи ғайримиллиро ҳамчун мавзуъҳои ба дилу нияти худ наздик тадқиқ, намояд ва асарҳои оригиналӣ ба майдон оварад. Назари интернатсионалии шоир имкон додааст, ки ӯ дар таҳлили бадеии воқеияти миллӣ ҷиҳатҳои интернатсионалии ҳаёти моро кашф намояд ва дар тадқиқи масъалаҳои ғайримиллӣ низ аз ҷанбаи миллӣ канда нашавад. Мӯъмин Қаноат дар ҳарду маврид ҳам хусусиятҳои муштараки рӯзгори сотсиалистӣ, ягонагии ҷиҳатҳои миллӣ ва интерна­тсионалии воқеияти советиро тасвир карда, ба ҷамъбастҳои реалистонаи ҳаёт муваффақ шудааст. Агар дар “Достони оташ”, “Падар” (1976) ва “Тоҷикистон —исми ман” кӯмаки халқҳои рус ва украин дар роҳи озодию истиқлолияти халқи тоҷик ва сохтмонҳои азими коммунистӣ, чунончи сохтмони ГЭС-и Норак ва дар достони “Китобҳои захмин» дар шароити сахти солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) ҳам барои Тоҷикистон чун ғамхории бародарона китобҳои дарсӣ чоп кардани коргарони Ленинград тасвир шуда бошад, пас ба мавзуъҳои хориҷа — қаробат ва пайванди доринаи халқҳон тоҷик, афғон, Эрон ва Покистон низ муроҷиат карда, сил-силаи шеърҳои «Созҳои Шероз» (1971), «Аз дафтари Покистон», “Аз дафтари Афғонистон”-ро (1980) ба майдон овард. Шоир масъалаҳои таърихӣ ва мавқеи шахсиятҳои бузургро дар тараққии илму маданият, ҳиссаи нобиғаҳои халқи тоҷикро дар инкишофи тафаккури халқ ва тамаддуни ҷаҳонӣ аз дидгоҳи имрӯза реалистона ҳал карда, достони «Гаҳвораи Сино»-ро (1979) ба вуҷуд овард, ки дар он образи ҷовидонии ҳаким, мутафаккири забардаст, до- нишманди қомусӣ ва шоири мумтоз Абуалӣ ибни Сино дар саҳни ҳаёти иҷтимои ва илмию мадании асри 10 санъаткорона акс ёфтааст. Мӯъмин 1C жанрҳои бадеии эҷодиёти худро васеъ карда, дар асоси достони “Суруши Сталинград” асари драмавие ба майдон овард, ки онро театри ҷавонони Тоҷикистон ба саҳна гузошт (1980). Бо ҳуруфоти арабӣ достони “Суруши Сталинград” (1973) ва “Гаҳвораи Сино” (1980) ва як қатор шеърҳои дигари ӯ ба табъ расидаанд. Осори бадеии Мӯъмин Қаноат намунаи дурахшони дар таҷрибаи эҷодӣ татбиқ гардидани принсипҳои олии партиявияти коммунистӣ, халқияти ҳақиқӣ ва гражданият ба шумор меравад. Аз ҷиҳати жанр эҷодиёти Мӯъмин Қаноат асосан аз лирика ва достон иборат аст. Лирикаи шоирро шеърҳои гражданӣ, ишқи ва манзаравӣ ташкил медиҳанд. Достонҳои ӯ ли­рикӣ («Мавҷҳои Днепр», «Падар»), лирикии эпикӣ («Сурӯши Сталин­град»), фалсафӣ («Гаҳвораи Сино») мебошанд, ки дар онҳо ҷиҳатхои ли­рики ва эпикӣ ба ҳам печида, воҳиди том ва сюжети яклухтро ба вуҷуд овардааид. Услуби осори Мӯъмин Қаноат реалистист, аммо шоир дар роҳи тасвиру тадқид ва ҷамъбасти бадеии воқеият аз услубҳои романтики («Достони оташ») ва рамзи («Тоҷи­кистон— исми ман») низ моҳирона истифода мебарад. Асарҳои Мӯъмин Қаноат ба забони русӣ қариб пурра тарҷумаю нашр шудаанд. Аввалин маҷмӯаи ӯ ба забони русӣ «Роҳҳо ва болҳо» (1964) буд. Минбаъд ба ҷуз нашрҳои алоҳидаи достонҳои шоир, китоби шеъ­ру достонҳои ӯ дар нашриётҳои Мо­сква мураттаб интишор ёфтанд: «Мавҷҳо» (1966),  “Корвони нур” (1970), “Сурӯши Сталинград” (1973), “Нур дар қуллаҳо” (1976), “Гаҳвораи Сино” (1982) ва ғайра. Шеъру дос­тонҳои Мӯъмин Қаноат  ба забони дигар халқ- ҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ низ тарқума шудаанд. Ба забони қазоқӣ китоби ӯ “Мавҷҳои Вахш” (1973) ва ба қирғизӣ паҳни унвони «Сурӯши Сталинград» (“Ста­линград ундору”, нашриёти “Кыр­гызстан”, Фрунзе, (1980), достонҳои “Достони оташ”, “Сурӯши Сталин­град”, «Тоҷикистон — исми ман» ва бисёр шеърҳои ӯ интишор ёфтааст. Ба  забони ӯзбеки маҷмӯаи шеърҳои  бо номи “Эътиқодим” (“Этиқоди ман”) соли 1981 нашр шудааст. “Сурӯ­ши Сталинград” соли 1979 ба забони қароқалноқӣ ба табъ расид. Шеъри ӯ “Ёд”, порча аз достони “Гаҳвораи Сино” дар маҷмӯаи “Назми советӣ — 1907” ва достони “Сурӯши Сталин­град” дар Булгория дар нашриёти “Народная култура” ба табъ расидаанд. Дар Эрон шеъри Мӯъмин Қаноат “Ману шабҳон бехобӣ” (маҷаллаи “Сухан”, давраи ҳафтдаҳум, озармоҳи 1346) чоп шудааст. Дар РДГ, Полша, Че­хословакия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Юнон, Тунис низ асар­ҳои Мӯъмин Қаноат ба забони халқҳои мамлакатҳои мазкур ба табъ расидаанд, ки аз шуҳрати ашъори рангину дилнишини шоир шаҳодат медиҳанд. Худи Мӯъмин Қаноат низ шеърҳои В. Маяков­ский, С. Есенин, У. Шекспир, Ф. Шиллер, А. Мискевич, Т. Шевченко, У. Сулаймонов, Ю. Мартсинкявпчюс ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст. Мақолаҳои публисистии Мӯъмин Қаноат  дар газетаю журналҳои марказӣ ва республикави дарҷ мешаванд. Мӯъмин Қаноат ҳамчун шоир ва ходими дав­латӣ ҳамроҳи нависандагони советӣ ба Эрон, Алҷазоир, Лубнон, Тунис, Булгория, Покистон, Ҳиндустон, Ку­ба, Яман, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо сафар кардааст, ки ин сафарҳо ба ҷаҳонбнии ва эҷодиёти ӯ таъсири мусбат расонда, моҳияти интернатсионалии осори шоирро амиқтар гардонидаанд. Мӯъмин Қаноат депу­тати Советӣ Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (даъвати 10—11), раиси Комитети республикавии муҳофизати сулҳ, аъзои Президиуми Комитети мудофиаи сулҳи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, аъзои Бюрои Комитети советии робитаҳо бо нависандаҳои мамлакатҳои Осиё ва Африка ва раиси Коми­тети, республикавии он, аъзои Коми­тети Мукофотҳои ленинӣ ва давла- тист. Бо орденҳон “Нишони Фахрӣ” (1964),  Байрақи Сурхи Меҳнат (1982), медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибата 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин” (1970), “Барои шуҷоати меҳнатӣ» (1975), бо Грамотаҳои Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон ва РСС Белоруссия, бо Нишони фахрии КМ ВЛКСМ “Барои иштироки фаъолона дар кори комсомол” муко- фотонида шудааст. Лауреата Мукофоти Давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1977) ва Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1960)-. Уэви ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз соли 1901. Ое.: Сурӯши Сталинград. Тоҷикис­тон — исми ман, Д., 1879; Осори мунта- хаб, ҷ..-ҳои 1—2, Д., 1982; Голоса Сталин­града. Материнский лик, М., 1977.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …