Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ

МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ

personМУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ  Ёрмуҳаммад (таваллуд 1825 деҳаи Ғума­яки Ванҷ— соли вафоти номаълум), шоири тоҷик. Дар шеърҳояш Ёрӣ тахаллус мекард. Дар чанде аз баёзҳо, махсусан баёзи шоири дарвоз  Авлиёҳусайн баъзе маълумоти тарҷумаиҳолиро оид ба ин шоир дарёфт намудан мумкин аст: дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омада, бо роҳи худомӯзӣ савод бароварда, аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кардааст. Аабаски хушхат буд, чанде дар дарбори шоҳи Дарвоз ба сифатп мирзо хизмат намудааст. Вале баъдтар ба сабаби бад шудани муносибаташ бо шоҳ ба Бухоро гурехта, дар он ҷо ба Мадраса дохил мешавад, Муллоёри Ванҷӣ пас аа хатми таҳсили илм сафари Маккаро пеш гирифта, аз он ҷо барнагаштааст.

Аз осори Муллоёри Ванҷӣ намунаҳое дар ба­ёз ва дигар манбаъҳои адабӣ, инчунин дар байни халқ боқӣ мондаанд. Мавзӯи ашъораш гуногун аст. Акса- ри шеърҳояш ба ягон воқеаи рӯзмарраи ҳаёти иҷтимоиву сиёсии давр, тасвири аҳволи вазнину тоқатфарсои деҳқонони кӯҳистон ва  бахшида шудаанд. Муллоёри Ванҷӣ дар мазаммату танқиди шоҳи Дарвоа, қозиву муфтӣ, вазир, руҳониён шеърҳои зиёди ҳаҷвӣ сурудааст:

Худоё, гар зи ман бошӣ ту розӣ, нигаҳ дор аз хурӯши қавми қозӣ.

На зулм аз қозиву на аз раисам, Малул аз муфтии мазҳарнависам.

Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш, Асо дар дасту бар кӯрон асокаш.

Ба ҳам гаштанд ҳамчун халқаи ҷим, Дилошон танг ҳамчун чашмаки мим…  Ашъори ишқии лирикиаш низ хеле дилпазир аст. Аа ҷиҳати сабку услуб эҷодиёти М.уллоёри Ванҷӣ ҷолиби диққат аст. Шоир асосан дар вазни арӯз менавишт. Аз ҷиҳати мавзӯъ, тарзи баёз ва мазмун баъзе шеърҳои ӯ ба фолклор наздиканд. Муллоёри Ванҷӣ ба за­бони адабӣ, инчунин ба лаҳҷаи мар- думи Дарвоз шеър гуфтааст ва шоири дӯстдоштаи мардуми Дарвоз буда, дар ин диёр дар бораи ӯ нақлу ривоятҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд; ӯ қаҳрамони латифаҳои халқӣ низ қарор ёфтааст.

Адабиёт: Климчицкий С. И., Дарвазские фахлавийат, дар китоби.: «Труды Таджикистанской базы Академии Наук  Союза Советских Социалистических Республик СССР», том IX Издательство  Академии Наук Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва—Ленинград, 1940; Намунаҳои фолклори Дарвоз, Сталинобод. 1955.          

Б. Расо

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …