Маълумоти охирин

МУҚИМОВ Рахим

nophotoМУҚИМОВ Рахим (таваллуд 2.12.1922, Самарқанд), адабиётшинос ва драматурги тоҷику ӯзбек. А оилан муаллим. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  (Коммунистическая Партия Советского Союза) ва соли 1945. Солҳои 1935—1938 дар  Омӯзишгоҳи педагогин тоҷикии Самарқанд, 1938—1941 дар Университети давлатии Ӯзбекистон таҳсил кардааст. Аз соли 1944 дар Университети давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ дар вазифаҳои муалинми калон, досент кор кардааст. Ҳоло профессори  ҳамин донишкада аст. Дар муддати солҳои 1950—1959 декани факултети филологияи Университети давлатии Самарканд, 1956—73 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин донишкада буд. Аз соли 1981 мудири кафедраи адабиёти халқҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Союза Советских Социалистических Республик ва назарияи адабиёти ҳамин университет. Муқимов муаллифи бисёр тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла 200 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Китобҳои «Ҳаҷв дар ‘эҷодиёти даҳонаки халқи ӯзбек» (1963), «Собир Абдулло» (1965), «Адабиёти халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Союза Советских Социалистических Республик) (1967, бо ҳамроҳии М. Шарифов) ва «Давраҳои асосии инкишофи ҳаҷви тоҷику ӯзбек» (1973) ба қалами ӯ мансубанд. Инчунин роҷеъ ба эҷодиёти Сӯзании Самарқандӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Гулханӣ, Ҷалол Икромӣ, Рафур Ғулом ва дигар нависандагони маъруф тадқиқот дорад. Муқимов муаллифи драмаҳои «Садоқат» (1965), «Алломаи Хуросон» (1970, дар бораи Умари Хайём) ва «Як писари се падар» мебошад. Муқимов шеър низ менависад. Аз соли 1958 узви Институт Наук СССР (Союза Советских Социалистических Республик) Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ чандин медалу грамотаҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.

Н. Шарофов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …