Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУҲКММАДИЕВ Содиқ

МУҲКММАДИЕВ Содиқ

nophotoМУҲКММАДИЕВ Содиқ (таваллудаш 1898, Бухоро — 1960, Тошкент), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, иштирокчии фаъоли ҳаракати револютсионӣ дар Осиёи Миёна. Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1932 Академики тиҷоратии шаҳри Тошкентро хатм намуд. Дар шӯриши соли 1916 ва ҳаракати халқии Бухоро (1918) иштирок кар­дааст. Борҳо таъкиб шуда, аз Бухо­ро ба Самарқанд фирор кардааст. Соли 1920 бо отрядҳои шӯришгарони қушунҳои Бухороӣ Сурх дар сарнагун кардани аморати Бухоро иштирок намуд. Баробари барпо шудани РХСБ якчанд сол дар вазифаҳои масъул кор кард. Солҳои 1920—1923 ра­иси Комитети револютсионии Шаҳрисабз, комиссари халқии корҳои дохилии Бухоро, 1924—1925 комиссари халқии зироат ва комиссари халқии саноати абрешими РСС Ӯзбекистон . Соли1926 КМ ПК (б) Ӯзбекистон Муҳаммадро ба  РАСС Тоҷикистон фиристод. Худи ҳамон сол ҷонишини раиси Комиҷроияи райони Кӯлоб таъин гардид. Баъд то соли 1933 дар Комис­сариат халқии таъминоти Тоҷикистон, ташкилотҳои гуногуни партиявию советии Ҳисор ва Қизил Мазор кор кард. Иштирокчии Конгресси 2-юми Интернатсионалӣ Коммунистӣ (1920). Бо ордени Ситораи Сурх (дарачаи 1)-и РХСБ ва ордени Байрақи Сурхн Меҳнати РАСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ш. Ҷалилов, А. Қодиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …