Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ РАКЕТӢ

МУҲАРРИКИ РАКЕТӢ

muhariki-raketiМУҲАРРИКИ РАКЕТӢ, як навъ муҳаррики реактивист, ки ҳавои ат-мосфераро истифода намебарад, ягона муҳаррикест, ки дар кайҳоннавардӣ ба кор меояд. Аз рӯи намуди энергияе, ки дар муҳаррик ба энергияи кинетикии ҷараёни реактивӣ мубаддал мегардад, Муҳаррики ракетӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: муҳаррикҳои ракетии химиявӣ (МРХ), муҳаррикҳои ракетии ядрои (МРЯ) ва муҳаррикҳои ракетии электрӣ (МРЭ). Дар амалия аксаран муҳаррикҳои ракетии химиявиро истифода мебаранд, ки бо сӯзишвории химиявӣ кор мекунад.

Асосан ду навъи муҳаррикҳои ракетии химиявӣ МРХ маъмуланд:Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш сахт

(МРСС) ва Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ (МРСМ). Агрегати асосии ҳамагуна муҳаррикҳои ракетии химиявӣ МРХ аз камераи сӯзиш ва соплои реактивӣ иборат аст (расм а, б). Дар камераи с ӯ з и ш ба туфайли ре-аксияҳои химиявии оксидшавӣ сӯзишворӣ ба газҳои ниҳоят тафсону баландфишор табдил меёбад. Ин газҳо дар соплои реактивӣ васеъ шуда, бо сураъти калон берун мебароянд ва дар натиҷа қувваи кашиши реактивӣ ба вуҷуд меояд, яъне дар камераи сӯзиш энергияи химиявии сӯзишворӣ ба энергияи ҳароратии газҳои маҳсули сӯзиш ва дар сопло энергияи ҳароратии ин газҳо ба энергияи кинетикӣ мубаддал мешавад.

Схемаҳои муҳаррикҳои ракетӣ: а— Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш сахт МРСС: 1—қисми пеши муҳаррик; 2 — камераи сӯзиши силиндрӣ; 3 — соплои реактивӣ; 4 — канали дохилӣ андаруни сӯзишвории сахт; 5 — сӯзишвории сахт; 6 — оташдиҳак; 7 — сатҳи сӯзиш.

Қувваи кашишеро, ки ҳар як кг илограмм гази аз муҳаррик дар муддати 1 сония хориҷшаванда ба вуҷуд меорад, қ у в в а и кашиши х о с  ё  импулси хос меноманд. Суръати хориҷшавии газҳо аз сопло ҳар қадар зиёд бошад, импулси хос ҳам ҳамон қадар меафзояд (ин нишондиҳанда ба сифати сӯзишворӣ вобаста аст). Саромади ҳамаи муҳаррикҳои ракетӣ Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш сахт МРСС мебошад, ки асрҳои аср инҷониб маълум аст. Аз ҷумла устоҳои мушаксози тоҷик аз қадим боз борутро истифода мебурданд (онҳо шабҳои тӯйҳои халқӣ ҳанӯз ҳам cap дода мешаванд). Дар техникаи мушаксозӣ аввалҳо борути сиёҳ, баъдҳо борути бедудро кор мефармудагӣ шуданд. Вақтҳои охир сӯзишвории таркибаш мураккабро истифода мебаранд. Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш сахт МРСС аз ду қисми асосӣ иборат аст: тана ё камераи сӯзиш, ки дар он ҳамаи захираи сузишворӣ ҷойгир мешавад; соплои реактивӣ, ки шакли хоса дошта, тавассути он газҳои тафсони маҳсули сӯзиш васеъ мегарданд ва бо суръати калон берун ҷорӣ мешаванд (расм, а). Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш сахт МРСС қувваи кашиши баробари садҳо тоннаро таъмин карда метавонад.

6 — МРМ, в- муҳаррикҳои ракетии ядрои МРЯ; 1 — баки моеъи оксид-кунанда; 2 —• баки моеъи оксидшаванда (моддаи сӯзанда); 3 — баки гидрогени моеъ; 4 — насос, 5 — камераи сӯзиш; 6 — соплои реактивӣ; 7 — баромадгоҳи газ аз турбина; 8 — турбина; 9 — унсурҳои гармиҷудокунанда; 10 — милаҳои идора; 11 — экрани муҳофиз.

Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ МРСМ аз комилтарин муҳаррикҳои ракетӣ мебошад. Лоиҳаи онро К. Э. Сиолковский соли 1903 пешниҳод карда буд. Нахустии Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ МРСМ-и советӣ — ОРМ-1 (қувваи кашишаш 20 килограмм) дар лабораторияи газодинамикаи Ленинград (ГДЛ) солҳои 1930—31 сохта шудааст. Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ МРСМ аз камераи сӯзиш, соплои реактивӣ, агрегатҳои системаи сӯзишворӣ (масалан, насосҳо ва таҷҳизоти дигар барои аз бакҳо ба камераи сӯзиш ҷорӣ намудани сӯзишворӣ), автоматикаи корандозиву боздорӣ, танзими қувваи кашишу масрифи компонентҳои сӯзишворӣ, идораи миқдор ва самти қувваи кашиш ва ғайра иборат аст. Аксари Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ МРСМ-и мавҷуда бо сӯзишворие кор мекунад, ки аз ду моеӣ гуногун (якеро оксидшаванда, дигареро оксидкунанда мегӯянд) таркиб ёфтааст. Одатан онҳо дар бакҳои алоҳида нигоҳ дошта шуда, фақат баъди дар камераи сӯзиш бо ҳам омехта шудан реаксияи сӯзиш сурат мегирад. Насосҳои пуриқтидор дар 1 сония чандин тонна сӯзишвориро бо фишори баланд ба камера меронанд. Импулси калон, танзимшавандагии қувваи кашиш, идорашавандагии миқдору самти қувваи кашиш, истифодаи бисёркарата ва ғайра аз афзалиятҳои Муҳаррики pакетии сӯзишвориаш моеъ МРСМ мебошанд.

Дар Муҳаррики pакетии я д р о ӣ гармие, ки дар реакторҳо ба туфайли реаксияи мусалсали порашавии ядро ҷудо мешавад, барои тафсондани ҷисми кори — гидроген сарф мегардад; гидрогени тафсон бо суръати калон аз сопло берун шуда, қувваи кашишро ба амал меоварад. Дар ин навъ Муҳаррики ракетӣ  назар ба беҳтарин муҳаррикҳои ракетии химиявӣ МРХ 2—3 маротиба зиёдтар импулси хосро ҳосил кардан мумкин аст.

Дар Муҳаррики pакетии электрӣ миқдори импулси хосро даҳҳо ва ҳатто садҳо маротиба зиёд кардан мумкин аст. Дар муҳаррикҳои ракетии электрӣ МРЭ бо воситаи энергияи электрӣ ҷисми кори то суръатҳои азим тезонда мешавад, ки ин дар муҳаррикҳои ракетии химиявӣ МРХ имконнопазир аст. Аввалин дар ҷахон муҳаррикҳои ракетии электрӣ МРЭ дар ГДЛ солҳои 1929—33 сохта шуда буд.

Ҳоло лоиҳаи хелҳои нави Муҳаррики ракетӣ кашида мешаванд. Чунончй, М.уҳаррики ракетии термоядроӣ (дар асоси истифодаи энергияи реаксияҳои термоядроӣ кор мекунад), ф о то н и (қувваи кашиш дар натиҷаи аз сопло ҷоришавии квантҳои нур, яъне фотонҳо ба вуҷуд меояд), бодбони офтобӣ (дар асоси истифодаи фишори нури Офтоб амал мекунад). Чунин Муҳаррики ракетӣ барои парвозҳои кайҳонии байнисайёравӣ бояд истифода шаванд.

А. Хоҷиев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …