Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ГАЗӢ

МУҲАРРИКИ ГАЗӢ

muhariki-gazМУҲАРРИКИ ГАЗӢ, як навъ муҳаррики дарунсӯзест, ки бо сӯзишвории газшакл: амсоли газҳои табиӣ ва гази моеъ (омехтаи пропану бутан), инчунин газҳои домнаву генераторӣ ва ғайра кор мекунад. Муҳаррики газӣ аз муҳаррикҳои бо сӯзишвории моеъ коркунанда дида афзалият дорад: ба туфайли пурра махлут шудани сӯзишворӣ ва дар камера нағз сӯхтани он Муҳаррики газӣ кам фарсуда мешавад; омехтаҳои зарарнок дар таркиби газҳои сӯхта кам шуда, дараҷаи тазйиқ нисбат ба муҳаррикҳои бензинӣ нисбатан зиёд аст. Коэффисиенти амали муфиди Муҳаррики газии стасионарии ҳозира то ба 42% мерасад. Муҳаррики газии аз рӯи сикли дизел коркунанда бештар маъмул аст. Муҳаррики газии иқтидораш 12 ҳазор килоВат (16 ҳазор қоэффисиенти  амалӣ) дар саноати нефту газ бештар истифода мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …