Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

nophotoМУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 17 форс. Па­дараш Мирзо Абутуроб хушнависи номдор ва шогирди Миримоди Ҳиравӣ буд. Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ ба Ҳиндустон ва Осиёи Хурд сафар кардааст. Дар бораи ҳаё­ти ӯ дар ягон сарчашма маълумоти мукаммал оварда нашудааст. Танҳо баъзе саҳифаҳои зиндагиаш дар тазкираи ӯ роҷеъ ба хат ва хаттотон зикр ёфтааст. Тазкираи Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ дар

шакли нусхаи яслӣ боқӣ намондааст. Танҳо нусхаи, ки Адибя Исфаҳонӣ (бо хати шикастаи настаълик) кито­бат кардааст (1903), маълум аст. Ин тазкира барои омӯзиши мороси хушнависони пешина аҳамияти калон дорад. Аа осори хаттотии Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ катибаҳои болои айвони Чиҳилсутун, мадрасаи Модаршоҳии Чорбоғ (Исфаҳон) ва ғайра боқӣ монаанд. Ҳамчунин ҳафт қитъаи мухталифи ӯ (солҳои 1681—1701; дар Китобхонаи миллии Теҳрон), ду қитъа (1699—1704) дар маҷмӯаи хусусӣ (Паноҳи, Теҳрон) ва ду қитъаи дигар дар мураққае (1663, Китобхонаи Донишгоҳи Истамбул) маҳфузанд.

Қ. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …