Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ

nophotoМУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ  (соли  таваллудаш номаълум — вафоташ 1578, Қазвин), хушнавис ва донишманди форс-тоҷик. Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф}) Алиризои Аббосӣ аз шогирдони ӯ буданд. Осори хаттотии ӯ дар Китобхонаҳои донишгоҳи Равонкушку ва Хазинаи авқофи Ис­тамбул, Китобхонаи миллии Париж, Китобхонаи миллииТеҳрон, дар Му­зеи бостоншиносии Деҳлӣ ва як нус­хаи «Муноҷоти»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар Китобхонаи оммавии Ле­нинград ба номи Салтиков Шедрин мадфузанд.

Қ. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …