Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович

marvinskiyМРАВИНСКИЙ Евгений Александрович (таваллуд 22. 5. 1903, Петербург), дирижёри советӣ, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Соли 1931 Консерваторияи Ленинградро хатм кардааст. Солҳои 1932—38 дирижёри Teaтри давлатии опера ва балети ба номи С. М. Киров. Аз соли 1938 сардирнжёри оркестри Филармонияи Ленинград. Солҳои 1936-1937 ва аз 1961 дар Консерваторияи Ленинград бо фаъолияти педагогӣ машғул аст (профессор аз соли 1963). Моҳур устоди бузурги санъати дирижёрии ҳозиразамон мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946) ва Мукофоти ленинӣ (1961). Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медальҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …