Маълумоти охирин

«МОСФИЛЬМ»

mosfilm«МОСФИЛЬМ», калонтарин киностудияи фильмҳои бадеии Иттифоқи Советӣ, яке аз бузургтарин киностудияҳои ҷаҳон. Соли 1921 таъсис ёфта, солҳои 1929 — 30 номи «Союзкино»-ро гирифт, аз соли 1935 — «Мосфилм». Машҳуртарин фильмҳои истеҳсоли «Мосфилм»: «Шоми Петербург» (1934), «Мо аз Кронштадт» (1936), «Шаби охирин» (1937), «Ленин дар Октябрь» (1937), «Александр Невский» (1938), «Ленин дар соли 1918» (1939), «Суворов» (1941), «Котиби райком» (1942), «Кутузов» (1944), «Истило» (1945), «Адмирал Нахимов» (1947), «Достони марди ҳақиқӣ» (1948), «Мичурин» (1949), «Чилу якум» (1956), «Парвози турнаҳо» (1957), «Коммунист» (1958), «Қисматп одам» (1960; лауреати Мукофоти ленинӣ), «Бачагии Иван» (1962), «Фоҷиаи оптимистӣ» (1963), «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1964), «Раис» (1965), «Ленин дар Польша» (1966), «Ҷанг ва сулҳ» (1966—67), «Шашуми июль» (1968), «Бародарон Карамазовҳо» (1969), «Фирор» (1970), «Озодшавӣ» (1970— 71; лауреати Мукофоти ленинӣ), «Ромкунии оташ» (1972), «Оҳ, чӣ сухани ширинест-озодӣ» (1973), «Будоги сурх» (1974), «Оилаи Ивановҳо» (1975), «Сарбози Ватан» (1975), «Вориси ношинос» (1976), «Бепарвофалак» (1976), «Сад рӯз баъди бачагӣ»

(1977), «Ақидаи шахсӣ» (1977), «Зани аҷиб» (1978), «Емельян Пугачёв» (1979)           ва ғ. Қариб 40 фильми «Мосфилм» сазовори лауреати Мукофотҳои давлатии СССР ва РСФСР, зиёда аз 100 фильми он соҳиби мукофоти кинофестивалҳои байналхалқӣ ва умумииттифоқӣ гаштаанд. Дар назди «Мосфилм» 6 иттиҳодияи эҷодӣ кор мекунад. Иқтидори фильмистеҳсолкунии «Мосфилм»

дар як сол 40-то аст. Аз соли 1945 дар назди «Мосфилм» Театр-студияи киноактёр вуҷуд дорад. Беҳтарин фильмҳои «Мосфилм» «Фоҷиаи оптимистӣ», «Зиндаҳо ва мурдаҳо», «Раис», «Ленин дар Польша», «Шашуми июль», «Сарбози Ватан» ва ғ. ба забони тоҷикӣ дубляж гардидааст.

«Мосфилм» дар ривоҷу равнақи санъати кинои тоҷик саҳми калон дорад. Равобити эҷодӣ ва истеҳсолии байни «Мосфилм» ва «Тоҷикфильм» ҳанӯз дар солҳои 30 ба вуқӯъ омадаанд. Фильмҳои беовози «Худои зинда» (1935) ва овоздори «Боғ» (1939), «Дӯстон нав вомехӯранд» (1939) бо мададу иштироки кормандони эҷодии «Мосфилм»— режиссёрон М. Вернер, Д. Васильев, рассомон В. Каплуновский, П. Галачев, актёрон М. Штраух, А. Чаргонин ва дигарон офарида шудаанд. Ин робита дар солҳои 50 ва 60 махсусан вусъат гирифт. Эҷодкорони бомаҳорати «Мосфилм» — операторҳо Н. Олоновский, Н. Ардашников, В. Юсов, рассомон И. Шпинель, К. Ефимов, Е. Куманьков, дигар мутахассисони эҷодиву техникӣ дар ҷараёни офаридани фильмҳои тоҷикии «Қисмати шоир» (1959), «Лайлӣ ва Маҷнун» (1960), «Байрақи оҳангар» (1961), «То фардо» (1964) ва ғ. фаъолона иштирок доштанд. Чанде аз режиссёрони маъруфи «Мосфилм»— Вл. Мотыль ва Д. Храбровицкий фильмҳои нахустини худро дар студияи «Тоҷикфильм» таҳия намудаанд (В. Мотыль — «Бачагони Помир», 1963, Д. Храбровицкий — «Нидои авлод», 1965). Дар муддати мавҷудияти «Тоҷикфильм» «Мосфилм» барои фильмофарандагони тоҷик ҳамчун базаи истеҳсолию технологӣ хизмат намудааст. Зинаҳои муҳими ҷараёни технологӣ ва истеҳсоли фильмҳои тоҷикӣ, ба мисли сабти овоз, мусиқӣ, монтаж, коркарди позитиви ранга, дубляж ба русӣ ва ғ. дар павильону цехҳои «Мосфилм» ба иҷро мерасанд. «Мосфилм» бо ордени Ленин (1939) ва ордени Революцияи Октябрь (1974) мукофетонида шудааст.

А. Аҳроров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …