Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНОСКОП

МОНОСКОП

monoskopМОНОСКОП (аз моно… ва юн. зкорео — менигарам), қарнаи телевизионии ирсолро гӯянд, ки барои таҳвили як воҳид тасвири беҳаракат (мас., ҷадвали озмуни телевизионӣ) пешбинӣ шудааст. Моноскопро барои тафтиши кори аппаратураи телевизион истифода мебараид. Аз рӯи сохт ва оришии кор Моноскоп қариб ба иконоскоп монанд бошад ҳам, аммо вай ҳадафи гуногунрангаи ҳассос надорад. Дар Моноскоп ба ҷои он лавҳаи алюминии оксидшуда гузоштаанд. Тасвири ирсолшаванда ба рӯи ин лавҳа бо моддаи дорои коэффициенти хурди эмиссияи сонӣ андӯҳа шудааст. Ҳангоми бо шуои электронӣ густурдани ҳадаф (нишон) шумораи электронҳои сонӣ, ки аз нишон бадар мераванд, вобаста ба тағйирёбии коэффициенти эмиссияи сонии элементҳои ҷудогонаи ҳадаф тағйир меёбад ва дар занҷири лавҳа ё коллектор электронҳои сонӣ видеосигнали тасвир ташаккул меёбад. Моноскопҳое низ мавҷуданд, ки аз рӯи усули бо электронҳои суст густурдани нишон, яъне аз рӯи принциии кори видикон амал мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …