Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОФИЛИЯ

МОНОФИЛИЯ

monofiliyaМОНОФИЛИЯ (аз моно… ва юн. phylon — тоифа, ҷинс, намуд), аз сариасли умумӣ ба вуҷуд омадани гурӯҳи муайяни организм; принципи асосии эволюцияи олами органикӣ ҳисоб мешавад. Шаҷараи ҳаёт аз як решаи муштарак ибтидо мегирад, сипас ба 2 шоха — олами наботот ва ҳайвонот тақсим мешавад. Аз ҳар яки онҳо пай дар пай шохаҳои калон (типҳо) ба вуҷуд омадаанд, ки дар навбати худ ба гурӯҳҳои систематикии майдатар — синфҳо, қаторҳо, оилаҳо ва ниҳоят ҷинсҳо, ки аз дастаи шохаҳои алоҳида (намудҳо) иборат аст, ҷудо мешаванд. Ч. Дарвин бо факту далелҳое, ки ба парвариши набототу ҳайвонот оид буданд, Монофилияро асоснок кард. Ӯ пайдоиши зотҳои ҳозираи кафтарҳои хонагиро таҳлил карда, нишон дод, ки сарнасли онҳо як намуд кафтари ёбоӣ (Соlumba livia) мебошад. Пас аз Ч. Дарвин дар соҳаи систематика, морфологияи муқоисавӣ, физиология ва биохимия, эмбриология ва генетика, биогеография ва палеонтология фактҳои нав андӯхта шуданд, ки дар бораи аз сарнасли умумӣ пайдо шудани аксар гурӯҳҳои табиии олами наботот ва ҳайвонот далолат мекунад. Бино ба Монофилия умумияти пайдоиши ҳамаи нажодҳои инсонӣ низ маънидод мешавад. Ғояи Монофилия асоси систематикаи муосир ва таълимотро дар бораи инкишофи таърихии олами наботот ва ҳайвонот дар бар мегирад.

Ад.: Дарвин Ч Происхождение видов. Соч., т. 3, М., 1939: Правдии Ф. Н., Дарвинизм, М.. 1968; Шмальгаузен И. И., проблемы дарвинизма Л., 1969.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …