Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛИКИЯТИ СОЦИАЛИСТӢ

МОЛИКИЯТИ СОЦИАЛИСТӢ

molikiyati-sotsialistiМОЛИКИЯТИ СОЦИАЛИСТӢ, шакли таърихан муайяни моликияти ҷамъиятӣ, ки асоси иқтисодии социализмро (ниг. низ Коммунизм) ташкил медиҳад Моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи дар рафти револютсияи социалистӣ барҳам хӯрдани моликияти хусусии капиталистӣ барқарор намудани диктатураи пролетариат ва умумӣ кардани асоси воситаҳои истеҳсолот (ниг. Милликунонӣ) ба вуҷуд меояд. Бар хилофи моликияти капиталистӣ, ки дар дохили сохти феодализм пайдо мешавад, моликияти ҷамъиятии социалистӣ дар замони капитализм ба вуҷуд омада наметавонад, зеро ки ба коммунизм муносибатҳо ва шаклҳои ба куллӣ нави иқтисодӣ хос аст. Пайдоиши моликияти ҷамъиятӣ ҷараёни стихиявӣ набуда, балки амалиёти бошуурона аст. Синфи коргар дар натиҷаи револютсияи социалистӣ соҳиби ҳокимият гардида, воситаҳои истеҳсолотро аз соҳибони онҳо кашида мегирад ва ба дасти халқ медиҳад. Иқтисодчиёни ҳозираи буржуазӣ, алалхусус, идеологҳои ислоҳотчӣ исбот карданӣ мешаванд, ки гӯё моликияти ҷамъиятӣ бе табаддулоти революционии сохти буржуазӣ, бе диктатураи пролетариат ҳам пайдо шуда, тараққӣ карда метавониста бошад. Ревизионистҳои рост ва ислоҳотчиён ақида доранд, ки гӯё сохти социалистӣ дар дохили капитализм ба вуҷуд меомада бошад ва гӯё моликияти давлатии монополистӣ нишонаи он бошад. Аз ин ҷо онҳо хулоса мебароранд, ки капитализм бо роҳи таҳаввул ба социализм «мерасидааст», он дар системаи капиталистӣ ташаккул меёфтааст ва бинобар он ҳоҷати бо роҳи революционӣ ба моликияти ҷамъиятӣ табдил додани моликияти хусусии капиталистӣ набудааст. Дар назарияи буржуазии «капитализми халқӣ» дар бораи «революция» нисбат ба моликияти хусусие, ки гӯё монополияи синфи капиталистон нашуда, ба моликияти халқ табдил меёфтааст, суханрониҳои зиёд дида мешавад. Вай шакли акционерии капиталро шакли ҷамъиятӣ мешуморад, ки гӯё аз он одамро истисмор кардани одам барҳам хӯрда, тафовути синфии байни капиталистон ва коргарон аз миён мерафта бошад Ҳамаи ин назарияҳо ҷараёни объективии ҷамъиятӣ кардани истеҳсолоти капиталистиро таҳлил намуда, чизи аз ҳама асоси характери моликият (яъне аз они ки будани воситаҳои истеҳсолот ва аз они кӣ шудани, маҳсули меҳнат) ҳамчунин мавқеи онро дар системаи муносибатҳои истеҳсолӣ ба эътибор на мегиранд.

Моликияти ҷамъиятӣ асоси системаи социалистии хоҷагӣ буда, сохти ҳар ду фазаи коммунизмро муайян мекунад. Якҷоя коллективона соҳиб будан ба воситаҳои истеҳсолот муносибати одамонро низ ба якдигар дигаргун карда, манфиатҳои ҷамъиятии ононро, ба вуҷуд меоварад. ононро аз ҳар гуна зулми иҷтимоӣ озод мекунад, боиси ягонагии манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсии онон, сабабгори мусобиқа, ҳамкорӣ ва ёрии якдигарии онон дар ҷараёни амалиёти истеҳсолӣ мегардад. Мақсади нави истеҳсолот — қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи аъзоёни ҷамъият ба миён меояд (ниг. Қонуни асосии иқтисодии социализм). Моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот дар рафти тараққии худ ду зина — социалистӣ ва коммунистиро тай менамояд. Моликияти сотсиалистӣ ба дараҷаи пасттари тараққиёти олии қувваҳои иcтеҳсолкунандаи ҷамъият—зинаи социалистӣ мувофиқат мекунад, бинобар он вай назар ба моликияти коммунистӣ номукаммалтар аст. Моликияти сотсиалистӣ мутобиқан ба роҳҳои гуногуни таърихии ташаккул дар ду шакл — умумихалқӣ ва кооперативӣ вуҷуд дорад. Ба моликияти умумихалқӣ замин (дар СССР ва РХМ пурра, дар дигар мамлакатҳои социалистӣ қисман), сарватҳои зеризаминӣ, об, беша, заводдҳо, фабриккаҳо, шахтаҳо, нақлиёту банкҳо, воситаҳои алоқа, корхонаҳои давлатии хоҷагии қишлоқ., фондҳои давлатии манзил ва ғ. дохиланд. Дар давраи социализм моликияти умумихалқӣ ба худ шакли моликияти давлатиро мегирад. Давлати социалистӣ ба ҳаёти иқтисодии ҷамъият, амалиёт, танзим ва такмили истеҳсолоти социалистӣ роҳбарӣ карда, дуруст истифода намудани маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятро барои манфиати умум таъмин ва муносибати коммунистиро ба меҳнат тарбия менамояд. Шакли кооперативии Моликияти сотсиалистӣ дар натиҷаи тараққии ҳамаи шаклҳои кооперация ба вуҷуд меояд. Кооперативҳо ҳамчун моликони коллективҳо ба воситаву маҳсулоти истеҳсолот мустақилона соҳибӣ мекунанд ва аз онҳо истифода мебаранд. Шаклҳои умумихалқӣ ва кооперативии Моликияти сотсиалистӣ моҳиятан якхела бошанд ҳам зоҳиран аз якдигар фарқ мекунанд. Шакли асосии моликият дар давраи социализм моликияти умумихалқӣ мебошад. Мас., дар СССР вазни қиёсии он қариб 90% фондҳои ҷамъиятии истеҳсолии мамлакатро ташкил медиҳад (миёнаҳои солҳои 70). Моликияти сотсиалистӣ дар СССР дар натиҷаи Револютсияи Октябрь ба вуҷуд омад, ки вай системаи капиталистии хоҷагӣ, моликияти хусусӣ будани олот ва воситаҳои истеҳсолот, инчунин истисмори одам аз тарафи одамро барҳам дод. Моликияти сотсиалистӣ дар СССР шакли комилан ҳукмфармоӣ моликият гардид. Дар ҷамъияти социалистӣ, инчунин моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, партиявӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои спор-7,1 ва ғ. вуҷуд дорад. Онҳо бо истеҳсолот бевосита алоқа манд набуда фақат дар доираи тақсимот ва истеъмолоти неъматҳои моддӣ амал мекунанд.

 Маркс К., Энгельс Ф.. Манифести Партияи Коммунистӣ. Д.. 1968;

РМаркс. Танқиди программаи Гота,

Д, 1957; Ленин В. И., Хатари таҳлуқа ва чораҳои иешгирӣ кардани он, Ас., Ч 25; ҳамон муалл., Давлат ба революция, боби 5, ҳамон ҷо; ҳамон муалл., Вазифаҳои навбатии ҳокимияти советӣ, ҳамон ҷо; Дар бораи кооперация, ҳамон ҷо; Проблемы социалистической собственности. М., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …