Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОМАҲМУДХОНИ ДАРВОЗӢ

МИРЗОМАҲМУДХОНИ ДАРВОЗӢ

nophoto-manМИРЗОМАҲМУДХОНИ ДАРВОЗӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 1791/92), шоири тоҷик. Аслан аз Кобул. Дар Ҳиндустон таҳсили илм намуда, баъди таҳсил дар Дарвоз иқомат ихтиёр кардааст. Дар назди шоҳони Дарвоз ба касби дабирӣ машғул шудааст. Аксари хуҷҷатҳои расмии шоҳони асри 18 Дарвоз—Туркихон ва Исмоилхон бо қалами ӯ таҳрир шудаанд. Мирзомаҳмудхони Дарвозӣ хаттоти моҳире будааст. Бештари шеърҳояш бо лаҳҷаи дарвозӣ таълиф шуда бошанд ҳам, дар забони адабии форсӣ-тоҷикӣ низ осор дорад. Ашъори шоир дар шакли пароканда дар маҷмӯаю баёзҳо ба назар мерасанд.

Х. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …