Маълумоти охирин

МИРЗОИБОД

nophoto-manМИРЗОИБОД (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар деҳаи Шидзи райони Рӯшон ба дуньё омада, айёми ҷавонӣ ва таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Дар миёнаҳои умраш бо сабаби номаълуме ба Ҳиндустон сафар намуда, азобу ранҷи ғарибиро кашидааст. Девони нопурраи Мирзоибод аз 1040 байт иборат буда, соли 1895 аз дасти худи Мирзоибод китобат шудааст) дар дасти хешовандонаш ва нусхаи фотографии он дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар баёзҳо низ ашъори Мирзоибод сабт гардидааст. Мирзоибод дар шеърҳояш нисбат ба зулму золимии хокимони давр, бесарусомониҳо ва нофарҷомии замона эътироз ва аз зиндагии талху умри дар ғарибиву кулфат гузаронидааш шикоят кардааст. Дар Бадахшон шеърҳои Мирзоибод хеле машҳур буда, ба репертуари ҳофизони халқӣ ва касбӣ дохил гардидаанд.

Ад.: Абибов А., Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон, Д., 1971.

А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …