Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИРЗОЕВ Шариф

МИРЗОЕВ Шариф

nophoto-manМИРЗОЕВ Шариф (таваллуд 20. 6. 1928, деҳаи Олучаҳакон Ғарм), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солҳои 1938 — 41 колхозчии колхози «Тоҷикистони Сурх»-и райони Вахш, 1941 — 46 колхозчӣ, 1946 — 48 сардори звенои пахтакории колхози ба номи Максим Горький pайони Қӯрғонтеппа, 1948—51 дар сафи Армияи Советӣ, 1951—60 колхозчии колхози номбурда ва аз соли 1960 коргари Идораи сохтмону таъмири poҳ дар назди Вазорати савдо буд. Звенои Мирзоев солҳои 1946—47 ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …