Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ

МИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ

nophotoМИРАМОНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллуд ва вафот иомаълум), нависандаи нимаи дуюми асри 18 — аввали асри 19 Ҳиндустон. Аз оилаи яке аз ашрофони Деҳлӣ. Дар Калкатта солҳои 1801—06 забони ҳиндустониро ба англисизбонон дарс медод. Дар тайёр намудани китобҳои дарсӣ иштирок менамуд. Китоби «Чор дарвеш»-ро аз форсӣ бо унвони «Боғу баҳор» (1802) ва «Ахлоқи Муҳсинниро бо номи «Ганҷи хубӣ» ба лаҳҷаи гуфтугӯии шаҳри Деҳлӣ тарҷума намудааст. Мирамони Деҳлавӣ дар тарҷумаи ин китоб кӯшидааст, ки сабки тумтароку пуртакаллуфи насри урдуро ба забони зиндаи гуфтугӯӣ наздик кунад.

Ос.: Сад и весна. История четырех дервишей, М., 1962. Ад.: Хусейн С. Э., История литературы урду, М., 1964.

И. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …