Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ

МИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ

nophotoМИРАЛИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1446, Табрез), хаттоти форс-тоҷик. Собит шудааст, ки настаълиқ агарчи пеш аз Миралии Табрезӣ вуҷуд дошт, вале нопухта, берун аз қоидаву қонунҳои муайяне буд. Миралии Табрезӣ настаълиқро ба низом даровард ва он ҳамчун хати мустақил шакл гирифт. Миралии Табрезӣ чанд қитъа, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию Хусрави Деҳлавӣ ва куллиёти Саъдии Шерозиро китобат кардааст.

А. Афсаҳзод.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …