Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ

МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ

МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ, ду минтақаи географии Заминро гӯянд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ (тақрибан дар байни 40° ва 65° а. ш.) ва ҷану­бӣ (дар байни 42° ва 58° а. Ч.) воқеъ гардидаанд (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, % 2, саҳ. 448—449). Қариб  ҳиссаи масоҳати Заминро фаро гирифтаанд. Дар Нимкураи шимолӣ 55% масоҳати Минтақаҳои мӯътадилро хушкӣ ва дар Нимкураи ҷанубӣ 98% онҳоро уқёнус ташкил медиҳад. Хусусияти асосии Минтақаҳои мӯътадил дар ин аст, ки вазъи обу ҳаво ва режими ҳарорати ин минтақаҳо дар фаслҳои муайяни сол тағйир меёбад ва ин боиси ҳаёти мавсимии наботот ва дигар процессҳои биохимиявӣ, геоморфологӣ ва гидрологию иқлимӣ мегардад. Баланси радиационии солона дар хушкиҳои Нимкураи шимолӣ 83,7—167,5 к^/м2, ҷанубӣ 125,6—167,5 кЦ/м*, дар уқёнусҳо мувофиқан 83,7—251,2 кЧ/ма ва 125,6-251,2 кЧ/ма. Ҳарорарти миёнаи моҳҳои хунуктарини хушкӣ дар Нимкураи шимолӣ аз 6 то — 50° С, ҷанубӣ аз 2 то 8° С, дар уқёнусҳо да 10 то —8Р С ва аз 2 то 10° С; ҳарорати моҳҳои гармтарини хушкӣ дар Нимкураи шимолӣ аз 10 то 2841, ҷанубӣ аз 8 то 20° С; дар уқёнусҳо мувофиқан аз 8 то 20° С ва аз 8 то 16* С. Боришоти солона дар қисми зиёди Минтақаҳои мӯътадил аз 500 то 800 мм, дар канори континентҳо то 1000—2000 мм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ дохиликонтинентӣ то 100—200 мм кам мешавад. Дар ин ҷо кӯлҳо нисбат ба дигар мин­тақаҳо бештаранд.

Дар қисми зиёди Минтақаҳои мӯътадил хоки хокистаррангу бӯртоби бешагӣ ва каму беш сисёҳхоку ҷигарранг ба на­вар мерасад. Набототи Минтақаҳои мӯътадил: тайга (бештар ботлоқӣ ва бешаҳои омехтаи сӯзанбаргу паҳнбарг). Олами ҳайвонот — асосан ҳайвонҳои бе­шагӣ.

Қисми хушкии Минтақаҳои мӯътадил ба се сектор ҷудо мешавад: ғарбии наздиуқёнусӣ, дохил иматерикӣ ва шарқии наздиуқёнусӣ. Иқлими сектори ғарбии наздиуқёнусӣ мулоими сернам. Барфҳо дер намехобанд. Дарёҳояш сероб. Бешаҳои дарахтони сӯзанбарг ва паҳнбарг мавҷуданд. Хокаш бӯр ва хокистарранги бешагӣ. Иқлими сектори дохили материкии Нимкураи ши­молӣ—континентӣ, зимистон хунуки сербарф (махсусан дар Шимол), то­бистон гарм. Заминаш яхбаста. Дар ин сектор зонаи бешаҳои минтақаи мӯътадил, зонаи бешадашти мӯъта­дил, зонаи даштҳои минтақаи мӯъ­тадил, зонаи нимбиёбони мӯътадил ва зонаи биёбони минтақаи мӯъта­дил паи ҳам ҷойгир шудаанд. Ба сектори шарқии наздиуқёнусӣ ландшафта зонаи беша ва иқлими муссонии циклонӣ хос аст. Дар ҳамворӣ ва пасткӯҳҳо бешаҳои сӯзанбарг, омехта (дар ҷ) ва паҳн­барг вомехӯранд. Хокаш хокистаррангу бӯр. Дар баландкӯҳҳо ландшафти бешатундра паҳн гаштааст. Қисми зиёди Минтақаҳои мӯътадил, махсусан секто­ри наздиатлантикии Европа ва Аме­рикаи Шимолӣ, инчунин ноҳияҳои дашту бешадашти дохилнконтинентӣ аз худ карда шудаанд. Олами ҳайвоноти уқёнусҳои Минтақаҳои мӯътадил бой аст. Аз % ҳиссаи моҳидории баҳрии ҷаҳон (щӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ, палтус, суфрамоҳӣ, сайда, сардина, скумб­рия) ба Минтақаҳои мӯътадил рост меояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …