Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНОНОСЕЦ

МИНОНОСЕЦ

minonosecМИНОНОСЕЦ, минакаш, навъе аз киштиҳои ҳарбист, ки барои тавассути торпедаҳо маҳв намудани киштиҳои душман таъин шудааст. Миноносец бори аввал соли 1863 дар Ҷанги гражданӣ дар ШМА истифода шуд. Аввалин Миноносеци баҳрии Россия «Взрыв», ки зарфияташ 160 т, суръати гашташ 12,3 узел буда, бо 1 ап­парати торпедаандозӣ зериобӣ мусаллаҳ буд, соли 1877 сохта, ба истифо­да дода шуд. Дар арафаи Ҷанги русу япон (1904—05) флоти рус 148 Миноносец дошт, ки қисме аз онҳо дар ҷанг иштирок доштанд: Пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) Миноносецҳои эскадре ба вуҷуд омаданд. Миноносецҳои пешина аҳамияти ҳарбии худро гум карданд ва сохтмони онҳо қатъ гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …