Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИКРОЭВОЛЮЦИЯ

МИКРОЭВОЛЮЦИЯ

mikroevolutciyaМИКРОЭВОЛЮЦИЯ, маҷмӯи процессҳои эволюционии баҳаракатоварандае, ки дар дохили намуд, дар доираи популяцияҳои алоҳида ё ба ҳам наздик мегузаравд. Ҳангоми Микроэволютсия популяцияро структураи элементарии эволюционӣ, мутацияро матеряали элементарии эволюционӣ ва процессҳои мутационӣ, тағйирёбӣ (флюктация)-и шумораи фардҳо дар популяция, шаклҳои гуногуни изоляция ва интихоби табииро бошад, омилҳои элементарии эволюционӣ мешуморанд. Дар зери таъсири ин омилҳо таркиби генотнини популя­ция — механизми асосии бадараҷа оварандаи процесси эволюционӣ тағиир меёбад. Пештар истилоҳи «Микроэволютсия»-ро баъзе эволюционистон барои ифодаи тағйирёбӣ ва шаклҳосилшавии дохили намудӣ истифода бурд. Бо макроэволюция муқобил мегузоштанд. Таълимоти Микроэволютсияи муосир озод якҷояшавии генетика ва дарвинизми классикӣ (дар асоси тадқиқотҳои генетики советӣ С. С. Четверков ва генетики англис Р. А. Фишер) тараққӣ кард. Мувофиқи таълимоти муосир ҳамаи механизмҳои асосии баҳаракатоварандаи эволюция дар дохили намуд. яъне дар ҳадди микроэволюционӣ мегузаранд. Микроэволютсия бо пайдо шудани намуди нави аз намудҳои пештара фарқкунанда ба итмом мерасад. Маҳз Микроэволютсия аз макроэзолюция фарқи зиддӣ надорад. Барои муваффақияти тадқиқотҳои до­ири микроэволюционӣ миқдори кофии омехташавии таҷрибаҳои популяционию генетикӣ, баёни миқдории процессҳои динамикаи популяционӣ ва экология, омӯзиши зуҳуроти эко­логӣ, истифодаи таҳлилии нуқтаҳои генетикаи назариявӣ ва дар охир тартиб додани модели математикии процессҳои дохили популяционӣ ва байни популяционӣ лозиманд.

Ад.: Тамофеев-Ресовский Н. В., Воронцов Н. Н-, Яблоков А.      В., Краткий очерк теории эволюции, М., 1969.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …