Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТИЛЁНИ НИЛӢ

МЕТИЛЁНИ НИЛӢ

nilМЕТИЛЁНИ НИЛӢ, як навъ ранги органикӣ аз гурӯҳи рангҳои тиозинӣ. Дар таҷрибаи тиббӣ чун моддаи антцсептикӣ (зидди фасод) ва безарраркунандаи баъзе заҳрҳо истифода мешавад. Онҳоро ҳангоми мадда кардани ҷароҳат ва бемориҳои дигари пӯст, илтиҳоби масона (шошадон) ва ғ. барои шустан ё молидан кор мефармоянд; дар вақти аз кислотаи цианат, оксиди карбон, гидрогенсулфид заҳролуд шудани организм бошад, онро ба дохили вена мефиристанд. Метилёни нилиро барои рангубори коғаз, тайёр намудани қалам ва рангҳои полиграфӣ низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …