Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕРИНГ Франц

МЕРИНГ Франц

mering-francМЕРИНГ Франц (27. 2. 1846, Шлаве — 29. 1. 1919, Берлин), арбоби ҳаракати коргарии немис, файласуф, муаррих ва мунаққиди адабӣ, марксист. Аз оилаи сарватманди буржуазӣ. Дар ун-тҳои Лейпциг ва Берлин таҳсил намудааст (1866—70). Доктори фалсафа (1882). Аз с. 1891 аъзои партия с.-д. Яке аз асосгузорони Партияи Коммунистии Германия. Ба оппортунизм ва ревизионизм муқобил буд. Рев. 1905—07-и русро табрик намуд. М. дар Ғарб яке аз аввалин мудофиа ва тарғиботгари ғояҳои Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь буд. Дар мақолаҳои худ ба коргарони немис исбот мекард, ки социализмро танҳо болшевикон дуруст мефаҳманд. В. И. Ленин ба ин ақидаи ӯ баҳои баланд дода буд. Чун файласуф дар ҳалли масъалаҳои фаҳмиши материалистии таърих саҳми калон гузошта, ҷараёнҳон гуногуни фалсафаи буржуазиро зери танқид гирифт. Меринг оид ба адабиётшиносии марксистӣ, санъатшиносӣ ва масъалаҳои эстетика асарҳо навишта, дар тадқиқу нашри асарҳо ва мактубҳои К. Маркс ва Ф. Энгельс хизмати бузург кардааст. Дар «Ҳиссаи Лессинг» (1893), «Таърихи Германия аз охири асрҳои миёна» (1910), «Исна ва Тильзит», «Аз Тильзит то Тауроген», «Аз Калиш то Карлебад» (1906—13) баёни асарҳои худ таърихи Германияро аз нуқтаи назари марксистӣ инъикос кардааст. Дар асарҳои оид ба таърихи ҳаракати коргарӣ, пеш аз ҳама дар асари 4-ҷилдаи «Таърихи социал-демократияи Германия» муваффақиятҳои ҳаракати коргарии Германияро вобаста ба таърихи умумии Европа ва Германия тадқиқ намудааст. Тарҷумаи ҳоли К. Маркс, ки Меринг навиштааст, бо мазмуни амиқ ва оммафаҳмиаш шоёни диққат аст. Бо ин ҳама Меринг дар баъзе асарҳояш ба хато ва камбудиҳое роҳ додааст, ки ба дигар социал-демократҳои чап низ хосанд: нафаҳмидани моҳияти муборизаи К. Маркс ва Ф. Энгельс ба муқобили ҷараёнҳои зиддипролетарӣ дар Иттифоқи коммунистон ва дар Интернационали I, аз будаш зиёд баҳо додан ба роли Ф. Лассаль ва лассальчиён дар ҳаракати коргарии немис ва ғ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …