Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Мамнӯъгоҳи «РОМИТ»

Мамнӯъгоҳи «РОМИТ»

«РОМИТ», мамнӯъгоҳест, ки соли 1959 бо мақсади муҳофизати ланд¬шафта табиию хоса, набототу ҳайвоноти нодири кӯҳсори Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ барпо шудааст. Дар ихтиёри Комитети давлатии хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон аст. Масоҳати 16,1 ҳазор га буда, дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор, саргаҳи дарёи Кофарниҳон (дар байни шохобҳояш Сорбо ва Сардаи Миёна) ҷойгир шудааст. Аз рӯи мавқеи маъмурӣ ба райони Орҷоникидзеобод (70 км дуртар аз шаҳри Душанбе) тааллуқ дорад. Территорияи мамнӯъгоҳ дар баландиҳоя 1176— 3195 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Иқлимаш мӯътадил. Боришоти солона 650— 1000 мм аст. Одатан барф охирҳои ноябр борида, аввалҳои апрел об мегардад. Нишебиҳои миёнакӯҳи мамнӯъгоҳро набототи буттаву дарахт пӯшидааст; баъзе ҷойҳо санглоху шахсор аст. Аз 2400—2600 м баландтар релеф тағйир бфта, бештар на¬бототи субалпӣ ба назар мерасад.

romit1
Набототи мамнӯъгоҳ асосан аз фаркзор иборат аст. Қисми поёни мамнӯъгоҳро тилохзор (экзохорда) ва қисми болои онро настаранзор фаро гирифтааст. дар нишебиҳо (1200—2000 м) бодомзор, баъзан чилонзор, тутум, тур вомехӯрад. Ҷо- ҷо зарангу дулона, баъаан ноку пис¬та месабаад. Дар маҳалҳои баландкӯҳи мамнӯъгоҳ арча вомехӯрад. Дар баъзе ҷойҳои шахсори соҳили рости дарёи Сардаи Миёна дарахти нодиру худрӯи савр (Biota orientalis) мерӯяд. Соҳилзои дарёро дарахтони паҳнбарги чормағз, фарк, чинор ва ғайра ишғол кардаанд. Қад-қади рӯдҳои кӯҳӣ дарахтони резабарги тӯс ва сафедор месабзанд. Дар баъзе ҷойҳо буттаҳои туғайзор — газ, табалғу, бед, гоҳе ҷигдаву хори ангат мавҷуданд. Дараҳои паҳлуии «Ромит» паттазорҳои мушкилгузар (омехтаи чанд намуди ирғай ва дӯлона) доранд. Марминҷон, настаран, мушол ва дар мавзеъҳои кушод зирк бисёр аст.
Ҳайвоноти мамнӯъгоҳ хеле гуногун аст. Дар дарёҳои он яке аз моҳиҳои пурқимат гулмоҳӣ (вазнаш то 3 кг) зиндагӣ мекунад. Аз ҳайвоноти хазанда сагмор, гурза, инчу¬нин тирмор ва калтакалосҳои гуногун ҳастанд. Ба ҷангали кӯҳсори мамнӯъгоҳ барои лонагузорӣ паррандаҳои бисёр парида меоянд. Махсусан заргулдори ҳиндӣ, пашшахӯрак ва ғайра ҷолиби диққатанд. Паррандаҳои шикорбоби мамнӯъгоҳ мурғи (кабки) ҳилол ва кабки дарист. Дар шахсорҳо кафтарҳои ёбоӣ гирд меоянд ва тобистон дар арчазорҳо варашон бисёр мешаванд. Дар саргаҳи дараҳои паҳлуӣ хирси малла, дар ҷойҳои сершах ё марғзорҳои субалпӣ галаи нахчир вомехӯрад. Дар рӯдҳои кӯҳии «Ромит» ҳайвони нодири мӯинадор — сагобӣ сокин шудааст. Дар мамнӯъгоз рӯбоҳ, қашқалдоқ ва ҷайра вомехӯрад. Гурс бисёр аст. «Шоди даррандаҳои баландкӯҳ»-и Тоҷикистон — шерпаланг (ирбис) нодир аст.
Солт 1961 ба «Ромит» аз мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай» чанд cap гавазни бухороӣ — холгул оварда буданд, ки ба шароити маҳал хуб мутобиқ шу¬дааст. «Ромит» гӯшаи зебоманзари табиати кӯҳсори Тоҷикистон буда, на¬бототу ҳайвоноти нодир ва аҳамияти калони илмиву амалӣ дорад. Тасвирро ниг. дар саҳ. 272—273.
Ад.: Сапожников Г. Н., Рацио¬нальное использование и охрана при¬родных богатств Таджикистана, Д., 1967; ҳ а м о н му а л л., Заповедники Таджикистана, д., 1979; Акульшина И. П., Краткий очерк растительности заповедника «Рамит» (Таджикистан), «Вестник ЛГУ», 1976.
Г. Я. Сапожников,
Ю. И. Молотковский.
, мамнӯъгоҳест, ки соли 1959 бо мақсади муҳофизати ланд¬шафта табиию хоса, набототу ҳайвоноти нодири кӯҳсори Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ барпо шудааст. Дар ихтиёри Комитети давлатии хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон аст. Масоҳати 16,1 ҳазор га буда, дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор, саргаҳи дарёи Кофарниҳон (дар байни шохобҳояш Сорбо ва Сардаи Миёна) ҷойгир шудааст. Аз рӯи мавқеи маъмурӣ ба райони Орҷоникидзеобод (70 км дуртар аз шаҳри Душанбе) тааллуқ дорад. Территорияи мамнӯъгоҳ дар баландиҳоя 1176— 3195 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Иқлимаш мӯътадил. Боришоти солона 650— 1000 мм аст. Одатан барф охирҳои ноябр борида, аввалҳои апрел об мегардад. Нишебиҳои миёнакӯҳи мамнӯъгоҳро набототи буттаву дарахт пӯшидааст; баъзе ҷойҳо санглоху шахсор аст. Аз 2400—2600 м баландтар релеф тағйир бфта, бештар на¬бототи субалпӣ ба назар мерасад.
Набототи мамнӯъгоҳ асосан аз фаркзор иборат аст. Қисми поёни мамнӯъгоҳро тилохзор (экзохорда) ва қисми болои онро настаранзор фаро гирифтааст. дар нишебиҳо (1200—2000 м) бодомзор, баъзан чилонзор, тутум, тур вомехӯрад. Ҷо- ҷо зарангу дулона, баъаан ноку пис¬та месабаад. Дар маҳалҳои баландкӯҳи мамнӯъгоҳ арча вомехӯрад. Дар баъзе ҷойҳои шахсори соҳили рости дарёи Сардаи Миёна дарахти нодиру худрӯи савр (Biota orientalis) мерӯяд. Соҳилзои дарёро дарахтони паҳнбарги чормағз, фарк, чинор ва ғайра ишғол кардаанд. Қад-қади рӯдҳои кӯҳӣ дарахтони резабарги тӯс ва сафедор месабзанд. Дар баъзе ҷойҳо буттаҳои туғайзор — газ, табалғу, бед, гоҳе ҷигдаву хори ангат мавҷуданд. Дараҳои паҳлуии «Ромит» паттазорҳои мушкилгузар (омехтаи чанд намуди ирғай ва дӯлона) доранд. Марминҷон, настаран, мушол ва дар мавзеъҳои кушод зирк бисёр аст.
Ҳайвоноти мамнӯъгоҳ хеле гуногун аст. Дар дарёҳои он яке аз моҳиҳои пурқимат гулмоҳӣ (вазнаш то 3 кг) зиндагӣ мекунад. Аз ҳайвоноти хазанда сагмор, гурза, инчу¬нин тирмор ва калтакалосҳои гуногун ҳастанд. Ба ҷангали кӯҳсори мамнӯъгоҳ барои лонагузорӣ паррандаҳои бисёр парида меоянд. Махсусан заргулдори ҳиндӣ, пашшахӯрак ва ғайра ҷолиби диққатанд. Паррандаҳои шикорбоби мамнӯъгоҳ мурғи (кабки) ҳилол ва кабки дарист. Дар шахсорҳо кафтарҳои ёбоӣ гирд меоянд ва тобистон дар арчазорҳо варашон бисёр мешаванд. Дар саргаҳи дараҳои паҳлуӣ хирси малла, дар ҷойҳои сершах ё марғзорҳои субалпӣ галаи нахчир вомехӯрад. Дар рӯдҳои кӯҳии «Ромит» ҳайвони нодири мӯинадор — сагобӣ сокин шудааст. Дар мамнӯъгоз рӯбоҳ, қашқалдоқ ва ҷайра вомехӯрад. Гурс бисёр аст. «Шоди даррандаҳои баландкӯҳ»-и Тоҷикистон — шерпаланг (ирбис) нодир аст.
Солт 1961 ба «Ромит» аз мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай» чанд cap гавазни бухороӣ — холгул оварда буданд, ки ба шароити маҳал хуб мутобиқ шу¬дааст. «Ромит» гӯшаи зебоманзари табиати кӯҳсори Тоҷикистон буда, на¬бототу ҳайвоноти нодир ва аҳамияти калони илмиву амалӣ дорад. Тасвирро ниг. дар саҳ. 272—273.
Ад.: Сапожников Г. Н., Рацио¬нальное использование и охрана при¬родных богатств Таджикистана, Д., 1967; ҳ а м о н му а л л., Заповедники Таджикистана, д., 1979; Акульшина И. П., Краткий очерк растительности заповедника «Рамит» (Таджикистан), «Вестник ЛГУ», 1976.
Г. Я. Сапожников,
Ю. И. Молотковский.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …