Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактаб – Интернат

Мактаб – Интернат

МАКТАБ-ИНТЕРНАТ, мактаби маълумоти умумӣ ки аз замонҳои шӯъравӣ ташаккулёфта мебоашд. Дар ин намуди мактабҳо кӯдакон таълиму тарбия мегиранд ва зиндагӣ мекунанд (як қисмашон рӯзҳои истироҳат ва таътилро дар хона мегузаронанд). Мактаб-интернатҳое низ ҳастанд, ки махсуси ягон ихтисосанд. Масалан Мактаб-интернати мусиқӣ, Мактаб-интернати спортӣ ва ғайра. Мактаб-интернатҳо дар асоси қарори Съезди 20-уми КПСС соли 1956 ташкил шудаанд. Онҳо биноҳои таълимии хуб ҷиҳозонида, хобгоҳҳо, участкаҳои таҷрибавӣ, устохонаҳои истеҳсолӣ, лабораторияҳо доранд.

Мактаб Интернат

Ба Мактаб-интернати бачаҳо бо ризоияти падару модарон ё парасторон қабул мешаванд. Мактаб-интернат дар навбати аввал ятимон, фарзандони инвалидони Ҷангу меҳнат, бачаҳои модарони танҳо ё серфарзанд, инчунин бачагонеро, ки дар оила шароити зарурии тарбия надораид, қабул мекунад. Ҳамаи дастпарварони Мактаб-интернат бо сару либос, хӯрок, асбобҳои хониш таъмин карда мешаванд. Дар Тоҷикистон атрофии 30 Мактаб-интернат буда, тақрибан 10 ҳазор нафар бачагонро тарбия мекунад (1990с).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …