Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНЕТРОН

МАГНЕТРОН

magnetronМАГНЕТРОН [аз юн. magnetis — магнит ва (элек) трон], ба маънои аввала ва васеаш — диоди цилиндрии дар майдони магнитии қад-қади тири он нигаронида шуда; дар техникаи электронӣ — асбоби электровакуумист, барои генериронии даштҳои фавқулбасомад (ФБ)-и импулсӣ ва бефосила; дар он таъсири мутақобили электронҳову ташкилдиҳандаи электрии майдони ФБ дар фазое ба амал меояд, ки дар он майдони магнитии доимӣ ба майдони магнитии тағйирёбанда перпендикуляр аст. Энергияи электронҳои дар фазои байни катоду блоки анод ҳаракатманд ба майдан ФБ-И системаи лаппиш аз резонаторҳои хачмй интпцол карла мешавад. Харакати электронхои Магнетрон бо майдони магнитии доимие, ки ғалтакҳои махсус ҳосил мекунанд, идора карда мешавад. Элементҳои асосии Магнетрон: катод, блоки анод (цилиндра мисӣ), махраҷи энергияи ФБ, радиатор ва системаи магнитҳо (ниг. расм). Магнетрон асосан дар радиолокация (дар диапазони мавтҳои см ва мм) барои ҳосил кардани лаппишҳои пуриқтидор истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …