Маълумоти охирин

МАГМА

magmaМАГМА (юн. magma — хамира), моддаи гудохтаи таркибаш асосан силикатӣ, ки дар қаъри замин ҳосил мешавад. Таркибаш асосан аз оксиген, Si, Al, Fe, Ms, Са, Na ва К иборат. Баъзан Магма то якчанд фоиз компонентҳои бухоршаванда, асосан об, камтар оксидҳои карбон, гидрогенсулфид, гидроген, фтор, хлор ва ғ. дорад. Ҳарорати Магма 900—1100° С, баъзан 700—1350° С. Аксари тадқиқотчиён чунин мешуморанд, ки дар табақаҳои поёнии қишри Замин ё мантияи болоии он (дар чуқуриҳои тақрибан 50—700 км) дар натиҷаи коҳиши элементҳои радиоактивӣ ва ҳаракатҳои тектоникӣ ҳарорат баланд шуда, моддаҳои сахт ба ҳолати моеъ, яъне ба Магма табдил меёбанд. Магма ҳангоми аз қаър ба қабатҳои болоии литосфера ҳаракат карданаш ба қисмҳои гуногунтаркиб тақсим шуда, моддаҳои бухоршавандаи худро гум мекунад. Баъди хунук шуда кристалл бастани Магма дар қишри Замин ҷинсҳои интрузивӣ, пас аз таркишҳоро пур кардани он ҷинсҳои рагӣ ва ҳамчун лава ба рӯи замин рехта хунук шудани Магма ҷинсҳои эффузией (вулқонӣ) ҳосил мешаванд. Таркиб ва хусусияти Магмаро бо роҳи омӯхтани ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ муайян кардан мумкин аст. Аз рӯи таркиби химиявӣ Магма ба якчанд типҳои асосӣ ва гурӯҳҳо тақсим мешавад: 1) Магмаи ултраасосӣ, ба миқдори зиёд Fe, Mg ва хеле кам Si03 дорад, аз он ҷинсҳои перидотит, дунит ҳосил мешавад; 2) Магмаи асосӣ ё базалти ва ҷинсҳояш базалт, габбро, норит; 3) Магмаи турш ё гранитӣ ва ҷинсҳои он гранит, гранодиорит, липарит; 4) Магмаи ишқорӣ, ҷинсҳояш сионит ва сиенитҳои нефелиндор. Магмаҳои ултраасосӣ ва асосӣ дар қабатҳои болоии мантия ва Магмаи гранитӣ дар қаъри қишри Замин ба вуҷуд меоянд. Як гурӯҳ олимон (Н. А. Боуэн, А. Н. Заяарнцкий ва дигар) мавҷудияти ягона нахустмагмаи базалтиро эътироф карда, чунин мешуморанд, ки аз он бо роҳи дифференциация ё ассимиляция тамоми типҳои боқмондаи Магма ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи Ф. К). Левинсон-Лессинг ва дигар тамоми ҷинсҳои магмавӣ аз ду нахустмагма — асосӣ (базалтӣ) ва турш (гранитӣ) ҳосил шудаанд, ки пайдоиши онҳо дар мантияи белоӣ ва табақаҳои гуногуни қишри Замин ба амал омадааст. Пайдоиши бисьёр конҳои сарватҳои зеризаминӣ бо Магма алоқаманд аст. Ҳангоми дифференциация ва кристаллбандии Магма конҳои гуногуни магмавӣ ва аз ҳисоби компонентҳои бухоршавандаи он конҳои гидротермалӣ, грейзенӣ, скарнӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Ниг. низ Конҳои магмавӣ.

Ад.: Заварицкий А. Н, Изверженные горные породы, М., 1961; Магма малоглубинных камер, М., 1070; Проблемы магмы и генезиса изверженных горных пород, М., 1963.

У. Олимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …