Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Амиробод

Маданияти Амиробод

МАДАНИЯТИ АМИРОБОД – маданияти археологии охири давраи биринҷӣ дар ҳудуди Хоразм (асрҳои 9—8 то мелод). Ёдгориҳои Маданияти Амирободро бори нахуст соли 1940 археологҳои советӣ дар мавзеи канали Амирободи РАСС Қароқлӣ кашф ва тадқиқ карданд. Ба Маданияти Амиробод оташдонҳои калон хосанд, ки дар заминканҳо сохта шудаанд. Зарфҳои сафолии ин давра дағалтар, бесир ва бо сиёҳӣ андудаанд.

Маданияти Амиробод

Аҳолии ин ноҳия дар ҷамоаҳои авлодӣ зиста бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул буд. Соли 1957 Экспедицияи археологию этнографии Хоразм дар мавэеи Яккапорсон қариб дар 20 бошишгоҳ ва системаи обёрии он давра ҳафриёт гузаронид. Археологҳо каналеро ёфтанд, ки тӯли он 1,8 км, бараш 15 м буда, аз он ҷӯйҳои барашон 2—3 м ба ҳар сӯ ҷудо мешудаанд. Аз Яккапорсон найзаҳои биринҷӣ, дос, дирафши дастааш устухонӣ ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …