Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ МУҒ

ҚАЛЪАИ МУҒ

kalai-mugh

ҚАЛЪАИ МУҒ, ёдгории археологии а. 8, ки 3 км дуртар аз деҳаи имрӯзаи Хайрободи р-ни Айнӣ, вил Ленинобод воқеъ аст. С. 1933 Бостоншинос Л. А. Фрейман кашф карда, с. 1947 А. Ю. Якубовский, с. 1965 Б. Я. Ставиский ва Ю. Ёқубов тадқиқ намудаанд. К. М. истеҳкоми деҳқонони работ буда, 5 хонаи дарозруяи гумбазшакл доштааст (дарозии ҳар яки 4 хона 17,5 м, дарозии хонаи панҷум 12,5 м). Иморати Қ. К. дуошьёна буда, танҳо хонаҳои ошьёнаи якум боқӣ мондаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт с. 1933-юм 74 ҳуҷҷати суғдӣ ва як ҳуҷҷати арабӣ ёфт шуданд (ниг. Ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ).

Аз Қ.К. инчунин бештар аз 400 ашъёи маданияти моддӣ, аз ҷумла пораҳои матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ, пашмӣ, олоти меҳнат ва яроқу аслиҳаи зиёд ёфт шуданд. Сипари чубин суғдӣ низ ба даст омад, ки он бо пуст руйкаш шуда, бо тасвири савораи мусаллаҳ зеб ёфтааст.

Ад.: Б е и т о в и ч И. Б., Находки на горе Муг, «Тр. Таджикской археологической экспедиции», т. 2, М.—Л., 1958; Якубов Ю., Археологические раскопки Гарданя Гисор. «Изв. отделения общественных наук АН Таджикской ССР», № 4, Д., 1966.

Ю. Ёқубов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …