Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҶИС-и «Тоҷикистон»

ҶИС-и «Тоҷикистон»

«ТОҶИКИСТОН», ҷамъияти ихтиёрии спортии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (ҶИС-и «Тоҷикистон»). «Тоҷикистон» 2 июни 1958 таъсис ёфт. Совети марказии ҶИС-и «Тоҷикистон» дорои 373 коллективи физкултурӣ буда, 161 ҳазор нафар физкултурачиён (коргарони корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои бинокорӣ, табобатгоҳҳо, мактабҳои олӣ ва ғайра)-ро муттаҳид менамояд (1986). Заврақронҳо И. Ҳасанов, Ю, ва М. Лобановҳо, гимнастикаи бадеӣ Э. Шиллер, штангабардор В. Двигун, варзишгари сабук Г. Паничкин, тирандозон В. Полосин, Г. Сотоков ва дигарон (солҳои 60—70) чемпионҳои чандинкаратаи СССР, Европа, ҷақон ва дорандагони мукофотҳои бозиҳои Олимпӣ мебошанд. Варзишгарони ҷамъият дар чемпионатҳои ҷақон, Европа ва СССР ҷамъ 46 медали тилло ба даст овардаанд. Дар бозиҳои Олимпӣ 1 медали тилло гирифтанд (Ю. Лобанов). «Тоҷикистон» 7 стадион, 17 майдони футбол, 43 зали спорти, 8 ҳавзи шиноварӣ, 5 мактаби бачагонаи спортӣ, 9 лагери спортию тандурустӣ ва ғайра дорад (1986). Қасри спортии «Тоҷикистон» дар республика яке аз калонтарин иншооти опортист. Г. Паничкин.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …