Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

shirvani_hakani

ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ Афзалуддин Бадил ибни Алӣ (1120, Шервон—1198, Табрез), шоири озарбойҷонӣ, яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форс-тоҷик. Аз оилаи косиб. Дар назди амакаш, ки шоиру табиб буд, тарбия гирифта, илмҳои расмии даврро омўхт. Дар шеър шогирди Абулъалои Ганҷавӣ буд ва бо ёрии ў ба дарбори Шервоншоҳиён роҳ ёфт. Макру ҳасади дарбориён ва муносибати сарду нохуши устодаш Абулъалои Ганҷавӣ табъи ўро хира карданд ва шоир ягона роҳи аз ин муҳит халосӣ ёфтанро дар сафар дида, с. 1156 ба ҳаҷ рафт. Тамоми Шарқи Наздикро давр зада, дар бозгашт ба Шервон маснавии «Туҳфат-ул-Ироқайн»-ро ба анҷом расонд.

Пас аз сафар ҳам Xоқонии Шервонӣ ба таъқиби дарбориён дучор омад. Вай пинҳонӣ аз Шервон рафтанӣ шуд, вале ўро дастгир карда, бо фармони шоҳ ба зиндони Шоброн андохтанд. «Ҳабсиёт»-и машҳури ў дар ҳамин зиндон таълиф шудааст. Ҳоқони Шервонӣ ба номи шоҳзодаи Рум (Византия) Андроник Комнен қасидае навишта, бо ёрии ў аз зиндон раҳо ёфт. Баъди зиндон бори дуюм ба мусофират баромада, ноилоҷ боз ба Шервон баргашт. Поёни умрашро дар Табрез гузаронид.

Аз Хоқони Шервонӣ як девони бузург ва як маснавӣ( «Тўҳфат-ул-Ироқайн») мерос мондааст. Маснавӣ тақрибан 3 ҳазор байт дошта, аз 6 мақола ва хотима иборат аст. Ҳар як мақола бо тасвири офтоб ва хитоб ба он оғоз ёфтааст. Xоқони Шервонӣ дар маснавӣ, ки аз сафари шоир ба Ироқи Аҷаму Ироқи Араб ҳиоят мекунад, бисёр донишмандону бузургони дидаашро ситуда ва одобу русуми баъзе аз кишварҳоро шарҳ додааст. Он барои равшан намудани баъзе лаҳзаҳои ҳаёти шоир низ аҳамияти калон дорад.

Девони Xоқони Шервонӣ аз 17 000 байт иборат буда, зиёда аз 220 қасидаи хурду калон, 330 ғазал, 300 рубоӣ, 230 қитъаи форсӣ ва 450 байти арабиро дар бар мегирад. Хоқони Шервонӣ маҳз бо қасоидаш шўҳрат ёфтааст. Азбаски қасидаҳои ў дар васфи ҳукмронони замон гуфта шудаанд, доираи танги мавзўъ ва шахсияти ночизи мамдўҳон имкон надодааст, ки бо тамоми маҳорати шоириаш ҳунарнамоӣ бикунад. Бинобар ин шоир ба шакли ашъораш бештар диққат дода, радифҳои душвор, санъати илтизом, таҷдиди дубораю себори матлаъ, маҷозу истиора ва таркиботи гуногунро ниҳоят зиёд ва бо ҳунари баланд истифода бурдааст. Аз фаровонӣ ва мураккабии ин гуна таркибот баъзе байтҳои Xоқони  Шервонӣ ба муаммои сарбаста табдил ёфтаанд. Дар қасоиди Xоқони Шервонӣ истилоҳоти илмӣ ба кор бурда шудаанд. Умуман, шеърҳои ў на ба ҳиссиёт, балки ба тафаккури хонанда нигаронида шудаанд ва мулоҳизаи амиқро талаб менамоянд. Қасидаи «Айвони Мадоин», ки дар он қисмати фоҷиаангези пойтахти қадими Сосониён бо дареғу афсўси зиёде тасвир шудааст, мазмуни баланди фалсафӣ дорад. Шоир мардумро даъват менамояд, ки харобаҳои ин қасри куҳанро оинаи ибрат бидонанд ва дўстию рафоқат, некандешию хайрхоҳӣ ва баробарию бародариро пеша кунанд. Қасоиди Xоқони Шервонӣ мавриди пайравии бисёр шоирон қаpop гирифтаанд. Аз ҷумла, ба қасидае, ки ба мисраи «Дили ман пири таълим аст» оғоз меёбад. Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Насимӣ, Фузулӣ барин шоирони бузург назира гуфтаанд. Қасидаи шоири советӣ Абулқосими Лоҳутӣ «Кремль» (1923) дар пайравии «Айвони Мадоин» эҷод шудааст. «Зўҳдиёт» — қасоиди сўфиёна, «Ҳабсиёт» — шеърҳои дар маҳбас навишташуда, қасида бо радифи «Сифоҳон» беҳтарин асарҳои Xоқони Шервонӣ ба шумор мераванд.

Як ҳиссаи муҳими девони Xоқони Шервонӣ аз ғазал фароаҳам омадааст. Шоир ғазалро, ки дар эҷодиёти шоирони пайрави сабки хуросонӣ дар мавқеи дуюм меистод, хамчун шакли мустақил инкишоф додааст. Эҷодиёти Xоқони Шервонӣ ба сабки ироқӣ асос ёфтааст.

Xоқони Шервонӣ чун шоири навовар навъҳои шеър — ғазалу қасидаро такмил додааст. Ў асарҳои иҷтимоию фалсафӣ офарида, шаклу мазмуни назмро ба пояи баланд бардоштааст. Аз ашъори шиквоии шоир пайдост, ки у зиёда аз сӣ сол дар муҳити дарбор зиста бошад ҳам аз ҳаёти мардуми заҳматкаш, ки худ аз он табақа буд, ба тамом дур нашуда, бо ғаму шодии мардум зиста, орзую омоли онҳоро сурудааст. Дар қасидаю ғазалҳо ва махсусан дар «Ҳабсиёт»-и шоир норасоиҳои замона, беадолатию ситамкории ҳокимони давр бо нафрату адоват мазаммат гардида,  некию накўкорӣ, ҳимматбаландию росткорӣ, хирадмандию хушрафторӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ситоиш шудаанд. Эҷодиёти Xоқони Шервонӣ ба назми Шарқи Haздик ва Миёна таъсири зиёд расонидааст. Шоирони бузург Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва диг. ба ғазалиёти ў пайравӣ кардаанд.

Ос.:        Хоқонии Шервонӣ. дар кит.: Гулшани адаб, ҷ. 1. Д-. 1975: Гулчнни ғазалиёт, «Садои Шарқ», 1981. №12; Ветер в руке, М., 1986.

Ад.: Адабиёти форсу тоҷик дар аср-ҳои XII—XIV, қ. 1. Д.. 1976:Б ертельс Е. Э., Низами и Фузули . М., 1962.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …