Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ФИЗИКӢ

ХИМИЯИ ФИЗИКӢ

ХИМИЯИ ФИЗИКӢ, як қисми химияро гӯянд, ки зуҳуроти хямиявиро омӯхта, қонуниятҳои онро дар асоси принсипҳои умумии физика муайян мекунад. Xимияи физикӣ аз фаслҳои зерин иборат аст: термодинамикаи химиявӣ, кинетикаи химиявӣ, таълимот оид ба катализ, ҳодисахои сатҳи, маҳлулҳо, химияи квантӣ, таълимот оид ба сохт ва хосиятҳои молекула, ион ва радикалҳо, химияи коллоидӣ, электрохимия, фотохимия, кристаллохимия ва ғайра.

ximiyai-organiki

Истилоҳи Xимияи физикиро М. В. Ломоносов ба илм дохил карда, вазифаҳои онро чун соҳаи мустақили илм муайян намудааст. Xимияи физикӣ чун сохаи мустақили илм охири асри 19 ба вуҷуд омад. Кашфиёти муҳимми табиатшнносии охири асри 19 ва аввали асри 20 (кашфи нури рентгенӣ, электрон, ҳодисаи радяактивӣ, инкишофи спектроскопия) заминаи тараққиёти Xимияи физикӣ гардиданд. Хусусияти муҳимми Xимияи физикии муосир истифодаи васеъи усулҳон гуногуни физикии тадқиқи эксперименталӣ ва ошкор намудани механизми молекулавии реаксияҳои химиявӣ мебошад. Xимияи физикӣ асоси назариявии тадқиқоти химияи ноорганикию органикӣ, таҳлилӣ ва инчуиин технологияи химиявист. Оид ба соҳаҳои гуногуни Xимияи физикӣ дар Институти химияи физикии Академияи Фанҳои СССР ва дигар инстиутутҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои республнкаҳои иттифоқӣ (аз ҷумла Институти химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.
С. Я. Исмоилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …