Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ФИЗИКИ

ХИМИЯИ ФИЗИКИ

ХИМИЯИ ФИЗИКИ, як кисми химияро гуянд, ки зухуроти хямиявиро омухта, конуниятхои онро дар асоси принсипхои умумии физика муайян мекунад. Xимияи физики аз фаслхои зерин иборат аст: термодинамикаи химияви, кинетикаи химияви, таълимот оид ба катализ, ходисахои сатхи, махлулхо, химияи кванти, таълимот оид ба сохт ва хосиятхои молекула, ион ва радикалхо, химияи коллоиди, электрохимия, фотохимия, кристаллохимия ва гайра.

ximiyai-organiki

Истилохи Xимияи физикиро М. В. Ломоносов ба илм дохил карда, вазифахои онро чун сохаи мустакили илм муайян намудааст. Xимияи физики чун сохаи мустакили илм охири асри 19 ба вучуд омад. Кашфиёти мухимми табиатшнносии охири асри 19 ва аввали асри 20 (кашфи нури рентгени, электрон, ходисаи радяактиви, инкишофи спектроскопия) заминаи тараккиёти Xимияи физики гардиданд. Хусусияти мухимми Xимияи физикии муосир истифодаи васеъи усулхон гуногуни физикии тадкики экспериментали ва ошкор намудани механизми молекулавии реаксияхои химияви мебошад. Xимияи физики асоси назариявии тадкикоти химияи ноорганикию органики, тахлили ва инчуиин технологияи химиявист. Оид ба сохахои гуногуни Xимияи физики дар Институти химияи физикии Академияи Фанхои СССР ва дигар инстиутутхои тадкикоти илмии Академияи Фанхои республнкахои иттифоки (аз чумла Институти химияи Академияи Фанхои РСС Точикистон тадкикот мебаранд.
С. Я. Исмоилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …