Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒОРИ ДАРАИ ШӮР

ҒОРИ ДАРАИ ШӮР

ҒОРИ ДАРАИ ШӮР, қароргоҳи мағоравии давраи мезолит, ки 50 км болотар аз сарбанди ГЭО и Норак воқеъ аст. То ба вуҷуд омадани обанбор вай дар баландни 100 м аз сатҳи д. Вахш воқеъ буд. Майдони умумии ҳафриёт 306 м2 аст. Аксари олатҳои ёфтшуда аз қайроқсанг, чақмоқсанг, булури куҳӣ, ҷинсҳои яшммонанд сохта шудаанд. Умуман 6518 бозёфт ба даст омадаанд (сегментҳо ва теғҳои якдама, истифода мешуданд). Бостоншиносон аз руи бозёфтҳои археолог давраи пайдоиши Ғ. Д. Ш.-ро ба ҳазораҳои 8—7 то м. мансуб медонанд.

Ад.: Рано в В. А., Юсупов А. X., Филимонова Т. Г., Каменный инвентарь стоянки Дараишур и его культурные связи. Дар кит,; Культура первобытной эпохи Таджикистана (от мезолита до бронзы), Д., 1982.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …