Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУЧИК Юлиус

ФУЧИК Юлиус

ФУЧИК Юлиус (23. 2. 1903, Прага — 8. 9. 1943, Берлин), ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист.
Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва журнали ПКЧ —«Руде право» ва «Творба». Фучик ба СССР (1930, 1934—36), аз он ҷумла, ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст. Дар нимаи дуюми солҳои 30 ва давраи Чехословакияро забт кардани фашистон Фучик яке аз муборизони фаъоли зидди фашизм буд. Апрели 1942 ба дасти гестапо афтод, Тирамоҳи 1943 дар Германия ба қатл расид. Ҳангоми дар ҳабсхонаи Панкраси Прага будан Фучик китоби «Гуфтор пеш аз қатл»-ро (нашраш 1945; тарҷумаи тоҷикӣ 1951) навишт. Дар китоб фикру ацдешаҳои Фучик оид ба маънии зиндагӣ, масъулияти ҳар як фард дар муҳофизати сулҳ ва ғ. фа- роҳам омадаанд. Лауреати Мукофоти байналхалқии Сулҳ (1950; баъди вафоташ). Иттифоқи Журанлиятони РСЧС мукофоти ба номи Фучикро таъсис кардааст. Дар Тоҷикистон як совхоз (дар раёни Қалъаихум) номи Фучикро гирифтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …