Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФТОР

ФТОР

ftor

ФТОР (лотинӣ Ғluorum), Ғ, элементи химиявии гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев, рақами атомӣ 9, массаи атомӣ 18,99840, мансуби галогенҳост. Гази зарди сафедча буда, бӯи тез дорад. Фтори озод (холис)-ро бори аввал соли 1886 химики франсавӣ А. Муассан бо роҳи электролизи КҒ дар маҳлули беоби гидрогенфторид ҳосил намудааст. Фтор ба ҳисоби миёна 8·10-2%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад; дар табиат фақат дар шакли пайвастагӣ вомехӯрад, t гуд.—219,6°С, t ҷӯшиш—188Г1°С, зичиаш 1,69 г/л. Фтор аз ҷиҳати химиявӣ фаъол буда, қариб бо ҳамаи элементҳо (ғайр аз гелий, неон ва аргон) ба реаксия дохил мешавад. Фтор бисёр материалҳоро вайрон мекунад. Аз ин рӯ онро phthoros (вайрон мекунам) меноманд. Маъданҳон асосиаш флюорит, криолит, фторапатит аст. Фторро ба сифати оксидкунандаи сӯзишвориҳои ракетӣ, барои ҳосил намудани пайвастҳои фторорганикӣ, гексафториди уран UҒ6 ва дигар фторидҳо истифода мебаранд. Пайвастҳои фтор,-ро чун ҳалкунанда, катализатор ва перепаратҳои онро дар тиб истифода мебаранд. Фтор ба таркиби бофтаҳои организмҳои зинда (устухон, сири дандон) дохил мешавад.
Соли 1968 дар институти химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон лабораторияи материалҳои фторидии тоза ташкил карда шуд. Кормандони лаборатория асосан оид ба химия ва технологияи фторидҳо тадқиқот гузаронида, натиҷаҳои тадқиқоташонро дар саноати республика ва дигар шаҳрҳои мамлакатамон амалӣ мегардонанд. Дар Тоҷикистон дар заводи электрохимиявии Ёвон, пайвастҳои органикии фтор ҳосил карда мешаванд. Ҷ. Икромӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …