Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФРОНТИ ТУРКИСТОН

ФРОНТИ ТУРКИСТОН

ФРОНТИ ТУРКИСТОН, Туркфронт, фронтеро гуянд, ки сарфармондеҳии Армияи Сурхи Коргару Деҳқон 11 августи 1919 дар РАСС Туркистон ташкил намуд. Вазифаи асосии он барқарор намудани алоқаи байни РАСС Туркистон ва Россияи Марказӣ, ёрӣ расондан ба халқҳои Туркистон ва торумор намудани контрреволюсия дар Туркистон буд.

turk_front1922Августи 1919 Армияи Сурх фронти армияи Колчакро дар ноҳияи Троиск рахна намуда, онро ду тақсим кард, ки яке ба тарафи Сибир, дигаре ба тарафи Туркистон ақиб нишаст. Барои торумори армияи Колчак бо ташаббуси В. И. Ленин ду фронти мустақил — Шарқӣ ва Туркистон ташкил карда шуд. Мақсади ин иқдом аз муҳосира баровардани Туркистон ва якҷоя бо Армияи Туркистон торумор кардани душманони дохилй буд. 13 августи 1919 бо фармони махсус фронти Туркистон расмӣ гардонида шуда, армияҳои 1, 4, 11 ва тамоми Армияи Сурхи Туркистон ба ихтиёри он дода шуд. Ш. 3. Элиава, В. В. Куйбышев, П. И. Баранов аъзоёни Совети Ҳарбии Ф. Т. интихоб гардиданд. Дар натиҷаи амалиётҳои бомуваффақияти Армияи Сурх гурӯҳи ҷанубии армияи Колчак дар маҳали Оқтеппа ва Орск муҳосира шуд. Гурӯҳи аскарони Колчак низ дар наздикии Қазалӣ торумор гардиданд.
Ноябри 1919 бо сардории И. П. Белов ва намояндаи Совети революсионии Ф. Т. Фурманов Д. А. СҚР-и гурӯҳи қӯшунҳои Ҳафтрӯд ташкил карда шуд. Сарфармондеҳи қӯшунҳои Ф. Т. Фрунзе М. В. аҳолии ноҳияи Ҳафтрӯдро даъват намуд, ки ба ҳуҷуми Армияи Сурх ҳаматарафа ёрӣ расонанд. Онҳо исёни контрреволюсионии гарнизони Верный (Олмаато)-ро фурӯ нишонданд ва манбаи барои Давлати ҷавони Советӣ хавфноки сафедгвардиячиёлро нест карданд. Дар Фарғона низ қӯшунҳои советӣ беш аз 40 гурӯҳи босмачиёнро то декабри 1919 нобуд сохтанд. В. Искандаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …